Ҷанги хунину бераҳмона буд

№46 (3192) 08.05.2014

ст копияСолҳо мегузаранд, таърих ҳодисоти худро дар сафҳаи он сабт менамояд. Яке аз ин воқеаҳои мудҳиш Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад.  Фашистони гитлерӣ ба Давлати Шӯравӣ аҳдшиканона ҳуҷум карда, бисёр шаҳру деҳотро вайрону валангор ва ба хок яксон карданд. Қариб 30 миллион одамони мо давоми солҳои ин ҷанг талаф ёфтанд.

Ба тадбири Абулқосим Лоҳутӣ:

Ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд,

Ҷанги хунину бераҳмона буд.

Яке аз иштирокчиёни ин ҷанг Зоҳид Файззода мебошад. Ӯ баҳри ҳифз ва дифои Ватани маҳбубамон ҷонбозиҳо карда, борҳо дучори тиру тӯпи душман гардидааст.

Зоҳид Файззода  соли 1922 дар деҳаи Кӯлиҳавоии ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Дар солҳои сиюми асри гузашта зиндагии мардум хеле вазнин буд. Одамон аз хӯрокаю пӯшока танқисӣ мекашиданд. Мардум нав қомат рост карда буд, ки Германияи фашистӣ ҷангро сар кард. Рӯзе набуд, ки ба ин ё он ҷавони деҳа аз комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома наояд.

Дуюми декабри соли 1941 навбат ба Зоҳид ҳам расид. Аз деҳаҳои Кӯлиҳавоӣ ва Қулибедак 12 нафар ҷавонони 18-19- сола дар як вақт ба хизмати Ватан даъват шуданд, ки байни онҳо Раҳимов Самандар, Холов Ғаффор ва Зоҳид Файзов низ буданд.

Даъватшудагонро дар шаҳри Душанбе чор моҳ машқи ҳарбӣ таълим доданд.  Зоҳид бо рафиқонаш дар муҳорибаҳои сахту вазнини шаҳрҳои Изюм,  Харков, Варвенково ширкат варзиданд.

Вақте ки ман бо акаи Зоҳид вохӯрда, аз ҳаёти давраиҷангиаш пурсон шудам, ӯ оҳи пурдарде кашиду ба фикр фурӯ рафт.

Баъди муддате андешаҳояшро ҷамъ карду ба нақли як лаҳзаи ҷанг шурӯъ намуд:

-Ин воқеа 20-уми октябри соли 1942 рӯй дода буд. Мо  ҳафт нафар дар штаби 269-уми баталёни 305-уми дивизияи тирандозӣ дар шаҳри Воронеж 30 километр болотар дар ҷангали назди деҳаи Айдарово қарор доштем.  Аскарони баталён дар назди дарёи Дон заминкан кофта буданд.  Душмани ғаддор беист тирпарронӣ мекард. Аз ҳама аскари ҷавон ман будам, ки ҳамагӣ 20 сол доштам.  Моро сардори штаб капитан Ҳабибуллин назди худ даъват карда, аз куҷо будан ва кай ба армия омадан ва дар кадом муҳорибаҳо иштирок карданамонро пурсид. Пас ба сӯйи инженери (муҳандиси) баталён, лейтенанти калон Литвинов назар кард. Литвинов гуфт, ки ин писари хуб се моҳ боз аскари қаторӣ, робитачии ман аст. Бовар дорам, ки ӯ аз уҳдаи ҳама кор мебарояд.

Ҳабибуллин гуфт:

- Ин тавр бошад, 200 дона минаи зиддитанкиро аз дарёи Дон гузаронида, байни симхори аскарони худамон ва фашистон зери хок пинҳон карда меоед. Ман «итоат» гуфта, даст ба чакка бурдам ва баромада рафтам. Минаҳоро ба ароба бо навдаҳои арча пӯшонидем ва ба роҳ баромадем.

Аробакаш Камолов ном тоторбачаи шӯхе буд. Мо шаш километр роҳро тай намуда, ба лаби дарёи Дон расидем.  Тирпарронии дутарафа ҳисобамонро гум  кард. Минаҳоро ҳамроҳи Камолов зуд фуроварда, аробакашро ҷавоб додем. Ман дӯсте доштам. Ӯ командири телефонистҳо, сержанти калон Поляков буд. Вайро зуд ёфтам. Вазъиятро пешакӣ аз штаб ба ӯ фаҳмонда буданд. Дарҳол ба ман дасти ёрӣ дароз кард, яъне заврақрон ёфт, то ин ки минаҳоро он тарафи дарё гузаронем.

Ҳар гоҳ ки мушакҳои фашистон рӯйи дарё рӯшноӣ мекард, ману қайиқрон рӯйи минаҳо дароз кашида, қайиқро ба ҳоли худ мегузоштем.  Бо азоби зиёд минаҳоро ба он сӯйи дарё гузаронидем. Дар он тарафи дарё чуқурии обкандае будааст, он ҷо якчанд нафар аскарони мо интизори минаҳо буданд. Дарҳол минаҳоро ба ҷойи даркорӣ гузарониданд.  Ман  ба штаб аз он сӯ телефон карда, аз иҷрои супориш гузориш додам.

Субҳ медамид.  Ман лаби дарё интизори заврақ будам, вале аз заврақ дарак набуд. Мо он рӯз дар хонаҳои заминкане, ки доштем, то торик шудан мондем. Ҳамин ки шаб торик шуд, заврақе рӯйи дарё пайдо шуд ва ман ба заврақ нишаста, ба штаби баталён баргаштам.

Шашуми ноябри соли 1942 командири дивизия ба ман раҳматнома эълон кард ва дар ин хусус ба хонаамон мактуб ҳам навишт. Албатта, ин қаҳрамонӣ не, балки адои вазифаи ҳар як ватандӯст  ва аскари шӯравӣ буд, ки баҳри ҳифзи Ватани худ мекард.

Моҳи январи соли 1943. Ҷанговарони Фронти Воронеж хатти фронти фашистиро пора карда, ба пеш мерафтанд, садҳо шаҳру деҳаҳои  бо хок яксоншударо озод мекарданд. Озодкунии шаҳрҳои Курск ва Староосколкро хуб дар хотир дорам.

Шаби 1-уми феврали соли 1943 мо ҳангоми ишғол кардани шаҳри Кирочи ба муқобилияти сахти фашистон дучор омадем.  Он вақт сержант будам. Субҳидам яке аз  кӯчаҳои шаҳрро озод кардем. Дар ин муҳориба аз рони пойи ростам тир хӯрдам ва аз шаш ҷойи дигари баданам захмдор шудам. Командири взвод лейтенант Янченко Михаил Василевич, ки ҳамроҳи ман камин гирифта буд, аз манаҳаш тир хӯрд. Рафиқи ҷониям, фарзанди бародари ӯзбек Алиҷонов Иброҳим ҳалок шуд. Аз ҳамон вақт  инҷониб азоби захмдориро мекашаму як қисми ҳаётамро дар беморхонаҳо гузаронидам.

Зоҳид Файззода достонҳои «Вафодорӣ» ва «Ванюша»-ро эҷод кардааст. Соли 1980  маҷмӯаҳои ашъори ӯ бо номи «Суруди вафодорӣ» ва соли 2012 «Панди падар» нашр шуданд.

Ҳукумати Шӯравӣ қаҳрамониҳои Зоҳид Файззодаро бо орденҳои «Шараф» дараҷаи 3, Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1 ва бо панҷ медали ҷангӣ сазовор донистааст.

М.САИДМУРОДОВ, омӯзгор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ноҳияи Варзоб