Ҷанговари озодибахши Ленинград

№46 (3192) 08.05.2014

«Аз  8 сентябр (соли 1941) вазъи шаҳри Ленинград ниҳоят хавфнок шуд. Танҳо аз болои кӯли Ладога  ва бо ҳаво, зери ҳимояи авиатсияамон ба Замини калон рафтуомад кардан мумкин буд. Бераҳмона бомбаборон ва аз артиллерия тирборон кардани шаҳр сар шуд. Қӯшунҳои фашистӣ аз ҳама самт фишор меоварданд. Душман дар даромадгоҳи Уритск, теппаҳои Пулково ва Слутск қарор дошт. Кор аз он шаҳодат медод, ки душман ба ҳуҷум тайёрӣ мебинад». (Аз китоби «Ёддоштҳо ва андешаҳо»-и маршал Г.К. Жуков, қисми 1, саҳ. 401).

Зодаи деҳаи Деҳбаланди Даштиҷум Мадамин Шарифов  ва рафиқаш Абдухолиқ иштирокчии ин муҳорибаи шадид буданд. Мадамин дар колхози деҳа мудири ферма буд, вале ору номуси ватандорӣ ин ҷавонмарди 21 -солаи кӯҳистониро ба ҷабҳаи набарди ҳаёту мамот раҳнамун сохт. Пас аз омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ба фронт равона шуда, 11 сентябр дар амалиётҳои ҷангӣ барои шаҳрҳои Пушкину Слутск иштирок кард. Махсусан, муҳорибаи шадид барои маҳали ҳаётан муҳиму стратегии Колпино ҳеҷ аз ёдаш намерафт.

Дар мурофиаи машҳури Нюрнберг, ки соли 1946 мегузашт, асири ҳарбӣ Рудолф Ловно чунин шаҳодат дода буд:

«Ленинград пагоҳӣ аз соати  8 то 9, рӯзона аз соати 11 то 12, бегоҳӣ аз соати 17 то 18 ва сипас аз соати 20 то 22 аз артиллерия тирборон мешуд. Мақсади асосии тирборонкунӣ нобуд кардани аҳолии шаҳр, вайрону валангор кардани заводу корхонаҳо, биноҳои муҳимтарин, инчунин аз ҷиҳати маънавӣ рӯҳафтода кардани ленинградиҳо буд».

Муҳосираи ин шаҳри қадима 900 рӯз давом кард. Ҳеҷ умеди зинда мондан намонда буд, вале матонату ирода, ҳисси ватандорӣ дар ҷабину андом, рафтору гуфтори аскарону афсарон, ҷонбозиҳои онҳо барои ҳар як ваҷаб хоки Ватан баръало дида мешуд. Ба ин матонату сахтиродагӣ фармондеҳони фашистӣ ангушти ҳайрату даҳшат мегазиданд.

Як соли аввали ҷанг ҳам гузашт. Хонаводаи Мадамин дар Деҳбаланд рӯзгори душвор дошт. Он солҳои пурдаҳшат вазъи обу дон дар ақибгоҳ бамаротиб вазнинтар буд. Кори тоқатфарсою миёншикан, вале умед ба фардо ҷавонписарону занону пирони кордидаро қувваю рӯҳ мебахшид. Онҳо луқмаи охирин, либоси гарми хешро ба фронт мефиристоданд. Ҷанговарон ин ҳама ҷоннисориҳои хешовандонашонро дар ақибгоҳ медонистанд ва бо номи Ватан ба пеш ҳаракат  карда, далериҳо нишон  медоданд. Ҳамин матонату рӯҳи  шикастнопазир аскаронро ба ғалабаҳои  нав ҳидоят мекард.

Мадамин якчанд бор сабук ярадор шуда, боз ба назди ҳамяроқонаш баргашт. Соҳиби ордени «Ситораи сурх» ва 9 медали ҷангӣ  гардидани Мадамин Шарифов аз шуҷоату далерии ин ҷавонмарди тоҷикистонӣ шаҳодат медод.

Моҳи феврали соли 1943 дар муҳорибаҳои шадиди рахнакунии муҳосираи Ленинград ва пайи ҳам озод  намудани маҳаллаю деҳа ва шаҳрҳо ӯ сахт маҷрӯҳ шуд. Чор моҳ табобат гирифт. Аз фронт хабарҳои хуш меомаданд. Ғалаба яке паси дигар гитлерчиёнро  ба сӯйи лонааш мебурд. Пас аз сиҳат ёфтан Мадамин ба Тоҷикистон баргашт.

Баҳори соли 1983 аз номи Котиби генералии КМ КПСС Л.И. Брежнев ба номи ӯ мактуб омад. Дар ин номаи сипос чунин сатрҳо сабт ёфтаанд:

«Муҳтарам Мадамин Шарифов!

Чилумин солгарди мудофиаи Ленинград барои ҳамаи мардуми советӣ иди муқаддас ба шумор меравад, 900 рӯзи мудофиа ин шарафи бузурги Ватани мост. Ин қаҳрамонии бемислу монанди мудофиачиёни шаҳри бузург  ва ҳамаи ленинградиҳост, ки мардонагию истодагарии онҳоро маҳрумиятҳои калону қурбониҳои зиёд шикаста натавонист. Қаҳрамонии шумо, боварӣ ба ҳаёт, эътиқод ба ғалаба эътирофу ифтихори тамоми халқи СССР-ро соҳиб аст. Беҳтарин орзумандиҳои моро чун сиҳатию саломатӣ, саодатмандӣ ба шумо ва наздиконатон қабул намоед…».

Дар давоми умри қариб 70- -солааш муборизи роҳи озодии шаҳри қаҳрамони Ленинград (ҳоло Санкт – Петербург) Мадамин Шарифов сахтию шириниҳои зиёди зиндагиро чашид. Хотираи неки ӯро на танҳо фарзандону наберагонаш, балки мардуми ноҳияи  Муъминобод, ҷумҳурӣ ва халқи бародари  рус низ, посу азиз медоранд.

Нурулло ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод