Бунёди боғоти нав

№29 (3175) 21.03.2014

Бо дастгирии раиси ноҳияи Файзобод Каримиён Имомназар дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз дар майдони 24 гектар дар деҳаи «Кабкрез» ва дар майдони як гектар дар деҳаи Чилчашмаи деҳоти «Вашгир» боғи нав бунёд гардид. Дар бунёди боғи нав фаъолзанон, духтарон, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолона иштирок карда, ба миқдори 25 ҳазор ниҳоли мевадиҳандаи себу нок, олуболу, гелос, зардолу ва чормағз шинонданд.

Имрӯзҳо рафти кабудизоркунӣ,  шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда дар нуҳ  шаҳраку деҳот идома дорад. Тибқи нақша, дар майдони 120 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонии  Дашти Мирзо, ки солҳои охир ба эрозия мубаддал шуда буд, боғи нав бунёд мешавад.

Тавре раиси ноҳия Каримиён Имомназар иброз намуд, дар минтақаи болоии ноҳия се деҳот ҷойгиранд, ки соҳаи  асосии онҳоро кишоварзӣ ва боғпарварӣ дар бар мегирад.

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод