Мактаби бачагонаи санъати ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ аз муассисаҳои умдаи кишвар маҳсуб меёбад, ки дар он наврасону кӯдакони дорои истеъдоди овозхонӣ, рақс, рассомӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Самти махсуси таълимии муассисаро ба назар гирифта, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Раёсати маорифи он барои беҳтару хубтар гардидани шароит ва таъмини таҳҷизоти зарурӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Алҳол дар мактаби мазкур 300 шогирди болаёқат дар бахшҳои зикршуда аз устодони касбӣ сабақ мегиранд. 28 нафар омӯзгори дорои таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи шогирдон саҳм мегузоранд.
Директори мактаби мазкур, овозхони хушсалиқа Хайриддин Ҷалолов хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, дорои маҳорату таҷрибаи бойи педагогист. Таълим дар мактаби санъати бачагона бо сабку услуби хос ба роҳ монда, дар машғулиятҳои бахшҳои гуногун аз дастурҳо истифода бурда мешавад, ки кашфи истеъдод ва салиқаи фардии хонандагонро имконпазир мегардонад. Ҳар муҳассили мактаб дорои завқ ва маҳорати махсус мебошад. Аз ин ҷост, ки дар мактаб ба муносибати фардӣ ба ҳар нафари онҳо аҳамияти зиёд дода мешавад. Дар ҳар риштаи таълимӣ омӯзиши асосҳои касбии пешаи интихобкарда, таърихи санъати мусиқӣ, рақс, овозхонӣ, рассомӣ, аз худ намудани адвор, дигар талаботи касбӣ, тарзу усулҳои иҷро, назокату эҳсоси хоса тавре роҳандозӣ шудааст, ки ба камолоти ҳунариву завқи зебоипарастии ҳунармандону рассомони оянда заминаи мустаҳкам мегузорад.
- Онҳое, ки дар ин гуна мактабҳо таълим мегиранд, бо донишҳои андӯхтаашон аз нозукиҳои санъату ҳунар имтиёз пайдо менамоянд, ки ба арсаи бузурги фарҳанги миллии касбӣ роҳ ёбанд,- мегӯяд сарвари муассиса Хайриддин Ҷалолов ва меафзояд: — Бастакорону сарояндагон ва раққосони номӣ, аз қабили Малика Собирова, Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Шарофиддин Сайфиддинов ва дигарон ба ин ҷода аз хурдӣ қадам гузоштаанд. Шукри даврони соҳибистиқлолӣ мекунем, ки бо ғамхории Роҳбари давлат ба рушду таҳким бахшидани мактабҳои санъати ҷумҳурӣ диққати зиёд дода мешавад.
Ба андешаи Хайриддин Ҷалолов дар кашфи истеъдодҳои наврас саҳми волидайн низ хеле назаррас аст. Онҳо дурахшу ҷилои ҳунари фарзандони худро, пеш аз ҳама, эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, муассиса бо онҳо робитаи мустаҳкам дорад.
Тавре мушоҳидаҳо собит месозанд, аҳли заҳмати ин муассиса аз лиҳози омодагии касбӣ, таъмини адабиёти методӣ, таҷҳизоти мусиқӣ, дастурҳои навтарини фаннӣ ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза ноил шудаанд. Беҳуда нест, ки шогирдонашон борҳо дар маъракаҳои ҷашнӣ, чорабиниҳои ҳунариву фарҳангӣ маҳорату истеъдоди худро ба намоиш гузоштаву аз ҷониби тамошобинон қадрдонӣ гардидаанд. Консертҳо ва барномаҳои дигари ҳунариашон, аз қабили намоиши расмҳо, ки ба мавзӯъҳои худшиносӣ, тараннуму тасвири созандагиҳои замони соҳибистиқлолӣ, зебоиву ватанпарастӣ марбут мебошанд, далели возеҳест аз ҳунару малакаи онҳо.
- Имсол барои мамлакати мо соли хоса мебошад, — илова кард директор, — мо ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон тайёрӣ мебинем. Бо ин мақсад барномаи зебову пурмуҳтаво, дорои мундариҷаи бой, мазмуни созанда омода кардем, ки онро мутахассисони соҳа дидаву баҳои мусбат доданд.
Воқеан, барномаи шогирдони Мактаби бачагонаи санъати ба номи Мухтор Ашрафӣ рангину серҷанба мебошад. Хусусан дар хорсароӣ онҳо маҳорати баланд доштани худро бо иҷрои суруди «Ба Исмоили Сомонӣ», (шеъри Абдулло Қодирӣ, оҳанги З. Зулфиқоров) ва «Марҳабо», (шеъри Боқӣ Раҳимзода, оҳанги Хайрулло Абдуллоев) дар назди мутахассисони соҳа собит кардаанд. Ҳангоми иҷрои барномаи омодакардаашон ба истиқболи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳз касбият, назокати иҷро ва дарки эстетикиашон ҳозиринро мафтун намуд. Консертмейстер Дилором Шаропова, хормейстер Қурбоналӣ Шоҳмаҳмадов аз қобилияти шогирдони худ изҳори қаноатмандӣ карданд. Устодон Икром Муродов, Шавкат Оқилов, Саодат Ғафорова, Чутмаҳмад Маханов, Ҳафиза Соҳибназарова, Моҳдавлат Гулдарбоғова, Фирӯза Оқилова, Одил Муродов, Султон Булбулов, Сабоҳат Шарифова, Маъруф Обидов дар омода намудани барнома саҳми назаррас доранд. Мактаби мазкур дорои ансамбли худ аст, ки сарояндагонаш дар иҷрои суруду навоҳои тозаву машҳури тоҷикӣ ва дигар халқҳо таҷриба ҳосил кардаанд. Оҳангҳои «Шоҳроҳи зиндагӣ» (муаллифаш Уктам Исроилов), «Душанбе» (Юрий Затсепин), «Номуси ватандорӣ» (Амирбек Мӯсоев) аз он ҷумлаанд ва худшиносиву ватанпарварӣ, дӯстиву некукориро талқин мекунанд. Ансамбли доиранавозон низ таҳти роҳбарии муаллими кордон Маъруф Обидов ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи дилчасп омода кардааст. Рақсҳое, ки алҳол дар ин барнома ворид шудаанд, аз ҷониби хонандагон дилнишину хотирмон иҷро мешаванд. Оҳангу сурудҳои дигар халқҳо, аз ҷумла «Баҳори аввал» — и Тавфиқ Қулиев ва «Тарантелла» — и Игор Леви аз омӯзиши амиқу густурдаи мусиқии классикии аврупоӣ ва русӣ дар Мактаби бачагонаи санъати ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ далолат мекунад.
Яке аз ҷиҳатҳои хоси замони соҳибистиқлолӣ ободкориву созандагист, ки кормандону устодони ин муассисаи таълимии фарҳангӣ сармашқи фаъолияти хеш қарор додаанд. Саҳни зебову дилкаш, ороиши пешгоҳу дохили синфхонаҳо табъи нозукписанду завқи зебоипарастии баланди муаллимону шогирдони онро нишон медиҳад.
Ҳатто аз дур ҳар бинанда эҳсос мекунад, ки ин ҷо боргоҳи санъату ҳунар аст. Даргоҳест, ки мурғи илҳоми санъаткорони наврас дар оғӯши он боли парвоз мекушояд.
Ҳунарманди шинохтаи кишвар Ҳотам Нуров баъди мушоҳидаи барномаҳои омодашуда ва маҳорату истеъдоди толибилмон ба онҳо аҳсану офарин хонд, ки ба ин баҳои баланди устоди ҳунар чизе афзудан мушкил аст.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»