Таъмини амнияти озуқаворӣ

Файзи Ваҳдат дар бозорҳои Душанбе

№64 (3365) 06.05.2015

Имрӯзҳо бозору дигар марказҳои тиҷоратии шаҳру ноҳияҳо, махсусан пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе пур аз анвои меваю сабзавот, маҳсулоти полезӣ аст. Дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолии пойтахти мамлакат деҳқонону боғдорони шаҳру навоҳии атрофи он саҳми арзишманд мегузоранд. Дар қаламрави шаҳри Ваҳдат хоҷагиҳои зиёди коллективӣ, деҳқонӣ ва инфиродӣ мавҷуданд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Ҳар рӯз аз ин хоҷагиҳо ба шаҳри Душанбе  6-7 тонна бодиринг, помидор ва дигар навъҳои сабзавоти барвақтӣ ворид мешавад.

-Таҷдиди хоҷагиҳои калон аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ба вусъати корҳои кишоварзон мусоидат кард. Соли ҷорӣ аз ҳисоби кооперативҳои кишоварзӣ 1300 хоҷагиҳои инфиродии деҳқонӣ ташкил карда шуд. Дар маҷмӯъ, ҳоло 7,5 ҳазор гектар замин дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ аст,- гуфт ба хабарнигорамон сардори Раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Давлат Холиқов ва афзуд:

- Деҳқонони мо дар самаранок истифода бурдани замин таҷрибаи бой доранду заҳматкашанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дурнамо дар ҳама бахшҳои соҳа сари вақт ва барзиёд иҷро мегарданд. Давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 64 миллиону 732 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки аз нақша ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Дар давраи мавриди назар 2301 тонна гӯшт, 7854 тонна шир истеҳсол гардид, ки аз нақша зиёд аст. Дар хоҷагиҳо афзоиши истеҳсоли  тухм, моҳӣ, асал, ғалла ва дигар навъҳои маҳсулот низ ба назар мерасанд.

Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, боғдорӣ низ рушд меёбад.  Соли ҷорӣ майдони боғу токзор 40 гектар афзоиш ёфт. Айни ҳол сабзавоти тару тоза, бодирингу помидори гармхонаҳои шаҳр мунтазам ба истеъмолкунандагон пешкаш карда мешавад.  Дар қаламрави шаҳр, дар  масоҳати 1,5 гектар гармхонаҳо ташкил гардидааст. Илова бар ин, дар ҳар деҳот гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият мекунанд.

- Кишоварзони шаҳри Ваҳдат бо меҳнати самараноки худ ният доранд дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб гузоранд,- гуфт дар поёни суҳбат Давлат Холиқов.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»