Ҷиргатол: картошкапарварӣ рушд ёфтааст

№48 (3349) 02.04.2015

Дар ноҳияи Ҷиргатол барои рушди соҳаи картошкапарварӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ин соҳа солҳои пешин яке аз соҳаҳои пешрафтаи хоҷагии халқи ноҳия буд. Соли гузашта дар майдони 2146 гектар картошка кишт карда шуда, деҳқонон ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Аз суҳбат бо картошкапарварони номдори ноҳия маълум гардид, ки онҳо ният доранд аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия дар ояндаи наздик майдони кишти картошкаро васеъ намоянд.

Аз тирамоҳи соли гузашта барои имсол тухмӣ захира намудаанд. Айни ҳол захираи тухмии картошка дар ноҳия 6422 тоннаро ташкил медиҳад. Талаботи картошкапарварон баҳори имсол 7630 тонна мебошад. Бештари тухмии захиранамудаи картошкапарварон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон оварда шудааст. Ин тухмӣ дар заминҳои ноҳия ҳосили хуб медиҳад.

Картошкапарварони деҳоти «Алға» роҳи нави дастрасии тухмии хушсифатро пайдо кардаанд. Онҳо бо соҳибкорони ноҳияи Ҳисор ва шаҳри Турсунзода шартнома доранд. Соли дуюм аст, ки таҷриба ба ҳарду тараф фоидаи хуб меорад. Соҳибкорон солҳои зиёд бо мардуми ин деҳот робита доштаанд ва соли гузашта 100 тонна картошкаи тухмиро бе пардохти пешакӣ ба картошкапарварон додаанд.  Тирамоҳ баъди ҷамъоварии ҳосили картошка онҳо дар баробари гирифтани тухмӣ, боқимондаи ҳосилро низ бо нархи арзонтар харидорӣ намудаанд.

-Шумо хуб медонед, ки сифат ва лаззати картошкаи ноҳияи Ҷиргатол ба куллӣ фарқ мекунад,-гуфт дар суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Азиз Диёров. -Аз ҳамин сабаб имсол соҳибкороне пайдо шуданд, ки барои картошкапарварони деҳоти «Янгишаҳр» тирамоҳи соли гузашта тухмии хушсифат оварданд. Онҳо даҳ тонна картошкаи барои фурӯш тайёрбударо дар ноҳияи мо ба ёздаҳ тонна картошкаи тухмӣ иваз намуданд. Аз ин байъат картошкапарварон 100 тонна картошкаи тухмӣ захира намуданд.

Картошкапарварон ният доранд, ки имсол ҳосилнокиро аз ҳисоби тухмии гирифтаашон зиёд намоянд. Дар ноҳия деҳқонони номдор солҳои зиёд аст, ки ба кишти картошка машғуланд ва аз таҷрибаи андӯхта тухмии хубро аз бад фарқ мекунанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастгирии картошкапарварон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Ба соҳибкороне, ки барои харидорӣ намудани тухмии хушсифат пул надоранд, бонкҳои ноҳия ба миқдори муайян маблағ ҷудо намудаанд. Айни ҳол картошкапарварон бо як дилгармӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба киштукор омодагӣ мегиранд. Тамоми техникаи ҳудуди ноҳия таъмиру тармим шудааст. Мо дар баъзе ҷойҳо ба шудгори заминҳои кишт шурӯъ намудем, аммо қисми зиёди заминҳои кишт ҳанӯз зери барф аст. Дар рӯзҳои наздик шудгори заминҳо дар ноҳия авҷ мегирад. Боиси хурсандист, ки сол то сол шароити кор барои деҳқонон рӯ ба беҳбудист,- гуфт дар охири суҳбат Азиз Диёров.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»