Истироҳатгоҳи «Ромит» ба фаъолият оғоз намуд

№58 (3204) 03.06.2014

Истироҳатгоҳи «Ромит»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дарҳои худро барои истироҳаткунандагон  боз кард.

Дар рафти кушодашавии истироҳатгоҳ масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии иҷтимоии аҳолӣ таъкид намуданд, ки истироҳатгоҳи мазкур мавсимӣ буда, шаҳрвандон метавонанд дар ин ҷо саломатии хешро барқарор намоянд.

Дар рӯзи аввали  ба фаъолият шурӯъ намудан зиёда аз 80 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истироҳату табобат фаро гирифта, барои онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Истироҳаткунандагон, тибқи нақша, дар як баст, ки аз 18 рӯз иборат аст, аз шаш намуди муолиҷа — табобат бо оби чашмаи табобатии  Зайрон, ваннаи барқӣ, табобат бо истифода  аз лой, парафингузорӣ, электрофарез ва маҳси бадан баҳраваранд.

Муассисаи мазкур бо таҷҳизоти табобатии муосир муҷаҳҳаз  гардонида шуда, бо мақсади ба стандарти ҷаҳонӣ расонидани сатҳи хизматрасонӣ мутахассисони он пайваста аз курсҳои омӯзишӣ мегузаранд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»