Кӯчонидани аҳолӣ ба манфиати кор аст

№48 (3349) 02.04.2015

Шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Дарбанд, ки замоне яке аз марказҳои калони тиҷоратии минтақа ба шумор мерафт ва дар натиҷаи кашмакашҳо хароб гардида буд, бо оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» эҳё гардид. Давоми солҳои охир дар ин шаҳраки навбунёди ҳозиразамон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  чандин биноҳои нави маъмурӣ ва истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Аз мавзеъҳое, ки баъди ба анҷом расонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» истиқомат кардан ғайриимкон аст, як қисмати аҳолӣ ба шаҳраки Дарбанд муҳоҷир карда мешаванд.

Дар ин бора 20 январи соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ба тасвиб расонид  ва дар ин замина кӯчонидани сокинони деҳаҳои Оби борики поён, Алӣ Галлабон, Чорсада, Ҳакимии поён, Зорон, деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов ва маркази Ҷамоати деҳоти  Комсомолобод шурӯъ шуд.

Аз суҳбат бо сардори бахши муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод Забирулло Эшонов маълум гардид, ки дар ҷойҳои нав барои муҳоҷирон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, аз тарафи давлат барои сохтмони манзили нави истиқоматӣ ба онҳо маблағ пардохт карда мешавад.

Замоне буд, ки сокинони ин маҳал аз хокдони бобоӣ ба ҷои дигар рафтан намехостанд ва бархе баъди муҳоҷират боз ба зодгоҳи худ бармегаштанд.  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ин самт корро хуб ба роҳ монд. Байни аҳолии минтақаҳое, ки муҳоҷираташон ба нақша гирифта шудааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба онҳо мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муҳоҷиркунонӣ фаҳмонданд. Корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ натиҷаи хуб ба бор овард. Акнун муҳоҷирон медонанд, ки ба ҷойҳои нав кӯчондани аҳолӣ барои худи онҳо ва сокинони ҷумҳурӣ манфиатовар аст. Дар баробари ин, бунёди НБО-и «Роғун» дар рушду нумӯи давлати ҷавони Тоҷикистон хизмати калоне мекунад. Аз ин рӯ, онҳо барномаи мазкурро ҷонибдорӣ мекунанд ва бо дилгармӣ ба ҷойҳои нави истиқомат мекӯчанд.

- Ҷумҳурии мо дар ин самт таҷрибаи бой дорад, — гуфт ҳамсуҳбатам. -Ҳанӯз солҳои ташкилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ барои мо заминҳоеро дар водии Вахш ҷудо намуданд, ки дар он ҷо зиндагӣ хеле мушкил буд. Асрҳо пойи одамон ба он ҷангалистону шӯразору қамишзор нарасида буд. Маҳз аз навоҳии кӯҳистони Рашту Сари Хосор, Ховалингу Кӯлоб ва Хуҷанду водии Фарғона муҳоҷир намудани як қисмати аҳолӣ имконият дод, ки ин гӯшаи нообод ба гулистон табдил ёбад.

Муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияи Нуробод ба шаҳру ноҳияҳои Данғара, Турсунзода, Ваҳдат ва Рӯдакӣ низ кӯчонида шуда, то имрӯз шумораи онҳо 2500 оиларо ташкил медиҳад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»