Мутахассисон ба кишоварзон маслиҳат доданд

№61 (3207) 10.06.2014

Сеюми июни соли ҷорӣ роҳбарону аъзои хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ дар  маҷлисгоҳи деҳаи Тезгари Поён ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо бо иштироки масъулон ва мутахассисони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи машваратӣ доир гардид. Мавзӯи асосии ҷаласа истифодаи  самараноки заминҳои кишоварзӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат буд. Онро раиси Ҷамоати деҳоти «Гулистон» Абдусаттор Алиев ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳолати умумии қитъаҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ маълумот дод.

Сипас, мутахассиси пешбари Бозрасии назорати давлатии тухмии ноҳия Тешабой Лолахонов роҷеъ ба интихоби навъҳои тухмии зироатҳо, нигоҳубини киштзор ва истифодаи дурусти заҳрхимикатҳо маълумот дод. Дар мавриди техникаҳои кишоварзӣ, мушкилоти дастрасӣ ба мошину механизмҳо сармуҳандиси  Раёсати кишоварзии ноҳия Ҳамза Идрисов ибрози назар карда, иттилоъ дод, ки ҳоло дар ноҳия 685 тракторҳои гуногунтамға, 37 комбайнҳои ғалладарав ва 68 механизмҳои ғаллакубӣ мавҷуд аст. Табиист, ки чунин миқдор басанда нест. Дар минтақаҳои гуногуни ноҳия ҳамзамон мағозаҳои фурӯши техникаи кишоварзӣ ва марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият мекунанд.

Сардори  Раёсати кишоварзии ноҳия Бахтиёр Халилов мавзӯи баррасишударо таври муфассал таҳлил карда, таъкид намуд, ки аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар баробари донистани ҳуқуқҳои хеш, инчунин уҳдадориҳояшонро низ набояд фаромӯш кунанд. Дар ин замина вай аз моддаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ёдовар шуда, онро шарҳу тавзеҳ дод.

-Чунин машваратҳоро тайи чанд рӯзи охир ҳамчунин дар деҳоти «Роҳатӣ», «Россия», «Чортеппа» низ гузаронидем. Ҳадафи  ин гуна суҳбату мулоқотҳо дар арафаи дарави ғалла аз он иборат аст, ки ин маъракаро муташаккилона ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин гузаронида, ба кишти такрории зироатҳои дигар оғоз намоем, — гуфт ҳангоми суҳбат Бахтиёр Халилов.

Аз ҷараёни суҳбати мутахассисон ва кишоварзон чунин мушоҳида кардем, ки деҳқононе, ки имрӯзҳо машғули кору фаъолиятанд, ба маслиҳату дастгирӣ ниёз доранд. Аслан онҳо меҳнатқаринанд, вале зимни корҳои кишоварзӣ дар масъалаи дастрасии техника, тухмӣ, дору ва фурӯши маҳсулоти хеш  мушкилӣ мекашанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»