Нахустмуаллима аз Нимич

№38 (3339) 16.03.2015

Сари қадам ба мактаби деҳа даромадам. Дер боз ба дидорбинии омӯзгорон наомада будам. Мехостам соате дар суҳбати эшон бошам ва аз аҳволашон огоҳ шавам. Дар даҳлез муаллима Зӯҳро Раҳмонова бо чеҳраи хандон пешвозам гирифт.

Мурури солҳо симояшро тағйир дода. Дар рухсораҳо ожанг пайдо шудаву ба мӯйҳояш сафедӣ афтидааст.

-Шунидам, ки дар деҳа маърака будааст ва занони деҳа он ҷо ҷамъ омаданд. Рафтам ва бо онҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳоямро гуфтам. Шукр, ҷомеаи мо хеле пеш рафтааст. Занҳои мо ҳам гапфаҳму сухандон гаштаанд. Хеле баҳсу талош кардем. Дар ҳаққи пешвои миллат суханҳои нек карданд. Ба дафтари кории директор дароед, ман ҳам меоям,- бо эҳтиром гуфт ӯ.

Зӯҳро Раҳмонова нахустин духтаре буд, ки баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Нимичи собиқ ноҳияи Ғарм барои таҳсил роҳи пойтахт -шаҳри Душанберо пеш гирифт. Он солҳо аз деҳаҳои дурдасти ноҳия духтарон пайи таҳсил намерафтанд. Волидайн садди роҳ мешуданд. «Духтар куҷову таҳсил дар мактабҳои калон куҷо», -мегуфтанд калонсолон. Вазифаи духтари солеҳа зуд хонадор шудан, фарзанд ба дунё овардан ва хона обод кардан аст. Аммо…

Дар мактаби мо буданд муаллимаҳо. Духтарони зебо, ки аз Федератсияи Россия омада, ба мо забони русиро меомӯзонданд. Вале муаллимаҳои маҳаллӣ набуданд.

Зӯҳро ҳанӯз айёми таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ орзу дошт, ки мактабро тамом кунад, ба шаҳри калон рафта, мехонаду муаллима мешавад. Ба аҳдаш вафо кард ва қолабро шикаст.

Ибтидо падару модар розӣ набуданд.

-Сари моро хам накун, духтарам,- орзуи ӯро шунида гуфт амаки Абдураҳмон. –Бела ба равиши об гуфтаанд. Бубин, ягон духтари деҳа барои хондан намеравад. На духтари калонҳои деҳаву на духтари директори мактаб.

-Падар, ман ба касе кор надорам. Танҳо иҷозат деҳ, то дар қатори духтароне, ки аз гӯшаҳои дури кишвар пайи таҳсил ба пойтахт мераванд, ҳамроҳ бошам. Ман, ки рафтам, роҳ барои дигар духтарони ғармӣ кушода мешавад.

–Мардум механданд. Мегӯянд Абдураҳмон пеши роҳи духтарашро гирифта натавонист…

- Ман бо нияти бад ба шаҳр намеравам. Меравам, ки соҳиби касб шуда, ба ҳамдиёронам хизмат кунам. Ман ҳеҷ гоҳ сари шуморо хам намекунам, — гуфт Зӯҳро.

-Беҳтараш дар деҳа мон, духтарам,- ашки чашмонашро пок карда ба суҳбат ҳамроҳ шуд модар.- Туро ба шавҳар диҳем, моро соҳиби набера кун. Бо умеду орзу шабҳои тор барои ту либоси арӯсӣ дӯхтам, ҷони модар. Охир дар деҳа касе ба духтари хондагӣ оиладор намешавад.

-Агар дар қисматам бошад, баъди хатми мактаб оиладор мешавам, — сарашро набардошта, ҷавоб дод Зӯҳро.

Пас аз баҳсу мунозираҳо Зӯҳро дуои падар гирифта, ба шаҳри Душанбе рафт ва ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуд…

Соле, ки Зӯҳро Раҳмонова ба деҳа баргашт, мо дар синфи даҳум таҳсил мекардем. Як духтари резапайкари кушодарӯ вориди синф шуд. Ҳамроҳи ӯ директори мактабамон шодравон Мироҷиддин Тоҷиддинов ба синф даромад.

-Ин кас муаллимаи ҷавон Зӯҳро Раҳмонова,- ба мо ӯро шинос кард директор. –Ба шумо аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Кӯшиш кунед, ки аз дарси муаллима дер намонед. Эҳтироми ӯро ба ҷой биёред. Вай аввалин духтари деҳаи шумост, ки мактаби олиро хатм кардааст.

Баъдҳо дар пайравии муаллима Зӯҳро Раҳмонова духтарони деҳаи мо ба шаҳри Душанбе барои таҳсил рафтанд. Нависандаи ҷавонмарг Садбарги Худоёр, шоира Муътабари Раштӣ, Назокат Маҳмадова, Гулистон Исмонова, Шаҳодат Баҳромова ва боз даҳҳо нафари дигар.

Инак, аз он айём солҳои зиёде гузаштанд. Муаллимаи азизи мо — Зӯҳро Раҳмонова чилу панҷ сол боз ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Дар ин муддат фарзандони арзандаро ба воя расонд. Шогирдони зиёдро тарбия намуд. Муаллима солиёни зиёд раиси шӯрои занон буд ва дар ҳалли мушкилот ба занон кумак мерасонд. Имрӯз шогирдони вай дар вазифаҳои гуногун ба Ватан ва миллати худ хизмат мекунанд.

Чанд сол пештар ӯ ба нафақа баромад, вале маъмурияти мактабу шӯрои волидайн аз ӯ хоҳиш карданд, ки тарки вазифа накунад. Ба фарзандони онҳо дарси адаб омӯзад.

Аълочии маорифи Тоҷикистон Зӯҳро Раҳмонова маслиҳатгару ҳидоятгари занони деҳа мебошад. Байни ҳамдеҳагони худ обрӯ ва эҳтироми хосаро соҳиб аст.

Бошад, ки сафи чунин муаллимаҳои фидоии кӯҳистонӣ боз ҳам бештар гардад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»