Мушкилоти рӯз

Нархи роҳкиро бояд воқеӣ бошад

№44 (3190) 01.05.2014

Даврони Шӯравӣ айёми тобистон тайёра дар хатсайри Душанбе -Хоруғ ҳамарӯза ду–се маротиба парвоз мекарду дар фаслҳои дигари сол ин амал вобаста ба боду ҳаво ҷараён дошт. Ҳоло бошад, тамоми фасли сол 15-20 адад мошинҳои сабукрави мусофирбар аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе ҳаракат мекунанд. Бар замми ин, байни Душанбе — Хоруғ ҳар рӯз  тайёраҳо  дар парвозанд.

Дар ҳолате ки талабот ба нақлиёти мусофирбар зиёд шудааст, ронандагони алоҳида бе ягон асос нархи роҳкироро баланд мебардоранд. Ақидае ҳаст, ки дар нақлиёти хусусӣ ронанда ҳуқуқи баланд кардани нархи роҳкироро дорад. Ин хатои маҳз аст. Ин шахсон шояд огоҳ нестанд, ки ҳуқуқи баланд бардоштани нарх бар зиммаи идораву муассисаҳои марбута гузошта шудааст.

Чанд сол қабл ронандагон нархи роҳкирои автомошинаҳои мусофирбари хатсайри Хоруғ- Душанберо ба 300 сомонӣ расониданд,  аммо аз чӣ буд, ки ин нархҳо ба танзим оварда намешуд. Ронанда аз мусофирон 300 сомонӣ роҳкиро мегирифт, ки дар асл хеле қимат аст. Ба наздикӣ шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар терминали «Мусофиркашӣ»-и шаҳри Хоруғ санҷиш гузаронид. Тавре сардори шуъбаи мазкур Насриддин Сабзалиев иттилоъ дод, шикояти мусофирон дар ҳақиқат асос дорад. Нархи роҳкиро (300 сомонӣ) хеле баланд мебошад.

Чаро чунин амал рӯи кор омад? Баҳонаҳо зиёданд. Иддае аз ронандагон бар онанд, ки мусофирони алоҳида бори зиёд доранд, аммо ин сухан ба ҳақиқат наздик нест. Ронандаро касе маҷбур намекунад, ки бори гарони мусофиронро гирад. Иддаи дигар бар онанд, ки роҳҳои автомобилгард вайрону валангоранд ва қисматҳои алоҳидаи мошинҳо дар ин роҳҳо корношоям мегарданду ба хотири харидани қисмҳои эҳтиётӣ маблағ лозим аст. Қисми дигари ронандагон гӯё аз бонкҳо қарз гирифтаанд ё нақлиёташон иҷора мебошад. Ин суханон низ беасосанду агар 5-6 сол қабл онро ба забон меоварданд, шояд андаке ба ҳақиқат наздик мебуд, аммо ҳоло вазъият дигар аст. Гап дар он аст,ки шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ пайваста обод мегардад. Дар ин самт бо дастгирии  Ҳукумати ҷумҳурӣ марҳилаи сеюми азнавсозии шоҳроҳи Шоҳон – Зиғар ва бунёди силсилапулҳо анҷом ёфт.

Омили дигари гаронии нархро ронандагон дар дурии роҳ арзёбӣ менамоянд, ки ин ҳам қобили қабул нест, зеро тибқи маълумоти Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ» дарозии роҳи автомобилгарди Хоруғ-Душанбе 622 км ҳасту солҳои охир бо бунёди пулҳо ва нақбҳо роҳ қадре кӯтоҳ шуд. Қиматии сӯзишворӣ низ баҳонае беш нест, зеро нархи сӯзишворӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 баъди ба имзо расидани Созишномаи байниҳукуматии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бе пардохти боҷи гумрукӣ ворид намудани маҳсулоти нафтӣ ба мамлакат  аз 17 то 30 фоиз арзон гардида, тамоюли пастравии он идома дорад. Ба наздикӣ бошад, бо дахолати шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Ориён» ва ҶДММ «Шарқ», ки дар шаҳри Хоруғ ҷойгир мебошанд, ба 5 сомонию 80 дирам фароварда шуд.

Ҳамин тавр, бо дахолати шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нархи роҳкирои хатсайри Хоруғ-Душанбе 250 сомонӣ муқаррар гардид, ки ба ақидаи мусофирон ин ҳанӯз ҳам баланд аст.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»