Зиндагӣ қонунияти худро дорад, ки бо мурури замон ҳар якеро ба мақому мансабе бурда мерасонад. Дар мисоли зиндагинома ва фаъолияти ҳар фарди боистеъдод падидор мегардад, ки дар фосилаи на чадон тӯлонӣ аз як корманди оддӣ то роҳбари борикбин ва муҳаққиқу шахси масъул ташаккул меёбад. Шояд тақозои замон ва зарурати таърихӣ чунин шахсонро ба воя расонда, сазовори эҳтироми омма мегардонад, ба меҳнатпарастӣ ва садоқату устуворӣ равона месозад.
Саидҷон Ҷононов низ аз зумраи нафароне мебошад, ки то ба имрӯз роҳи тайкардааш пур аз пастию баландӣ буд, вале иродаю росткориаш тавонистанд ӯро байни дигарон обруманд гардонанд. Вай бо ҳаёти хеш исбот намуд, ки агар инсон мунтазам бо азму субот аз пайи кори нек равон бошад, қуллаҳои баланди зиндагӣ, илму дониш, вазифаҳои масъулро фатҳ намуда, хизмати халқро ба ҷо оварда тавонад, сазовори обру, эътибору шараф мегардад. Ин маънии онро дорад, ки ӯ тавонист ба мазмуни одаму одамгарӣ ва ростию росткорӣ хуб сарфаҳм равад. Чунки ӯ тамоми умри бобаракати хуро барои ободии диёр сарф карда, нақши худро бо меҳнати хоксорона, лекин босамар сабт намудааст. Ҳаёти ӯ барои мардум, махсусан ҷавонон як дарси зиндагӣ мебошад.
Солҳое, ки ӯ вазифаи директори совхози ба номи Нусратулло Махсумро ба уҳда дошт, медонист, ки танҳо сухани хуш мардумро аз хона берун оварда метавонад. Заҳмати шабонарӯзӣ ва такя ба мардони собиқадор имконият доданд, ки корҳои саҳройӣ ба роҳ монда шаванд ва мардум ба ободкорӣ рӯ орад. Давоми ин солҳо каме бошад ҳам, обёрӣ намудани заминҳои нав, кишти картошка, обод намудани боғҳо ба роҳ монда шуд. Мардум рӯ ба созандагӣ оварданд. Пайдо шудани хоҷагиҳои нави деҳқонӣ, ки самари давраи нав буданд, маҳз бо ташаббус ва роҳбарии Саидҷон Ҷононов дар диёр рух дод.
Ӯ худ яке аз аввалинҳо шуда, соли 1999, хоҷагии Алӣ Хушро созмон дод. Ин маънии онро дошт, ки мардум бо хоҷагиҳои нав мувофиқ ба талаботи рӯз кори саҳройиро ба роҳ монанд. Замин акнун соҳиби аслии худро пайдо мекард. Мардони меҳнат аз пайи кор шуданд, ризқу рӯзии худро аз замин пайдо мекарданд. Саидҷон то соли 2011 тавонист, ки хоҷагии худро обод намояд ва дар байни дигарон пешсаф гардад.
Бо тақозои тақдир имрӯз Саидҷон, ки гӯё дирӯзакак мактаби миёнаи №3 деҳаи Қазноқро хатм карда буд, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт мебошад.
Вай пайваста аз он шукргузорӣ менамояд, ки таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ кишвар хеле обод ва мардумаш пайи зиндагии хуб корҳои азимеро ба сомон расониданд. Қадами мубораки Ҷаноби Олӣ буд, ки дар қатори дигар маҳалҳо, деҳоти ба номи Нусратулло Махсум низ симои худро дигар кард. Дар ин давра сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Чашмаи Қозӣ ба охир расид, роҳҳои дохилии деҳаҳои Шул (1,5 км), Қазноқ (1 км) ва Шаҳри сабз (1,5 км) таъмиру барқарор карда шуданд. Барои ин кор 150 ҳазор сомонӣ сарф шуд, ки 50 ҳазори он ҳиссаи бевоситаи мардуми диёр ва 100 ҳазори он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт буд. Дастгирии мардум барои корҳои ободонӣ басо назаррас аст. Дар маркази деҳот — деҳаи Қазноқ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ мардум Маркази ҷавононро сохта ба истифода доданд. Боғи нав дар назди бинои ҳозиразамони ҷамоати деҳот бо ниҳолҳои мевадору сояафкан бунёд гардид.
Бо ибтикори Саидҷон Ҷононов имрӯз дар соҳили дарёи Сурхоб мутахассисони Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми деҳаи Деҳқонобод, ки зиёда аз 200 хоҷагӣ дорад, дар чуқурии 70 метр пармачоҳ канда, оби нӯшокӣ бароварда истодаанд. Дар назар аст, ки барои сокинони деҳаи Қазноқ низ пармачоҳ канда, мардуми ин деҳаи калонтарин бо оби нӯшокӣ таъмин карда хоҳад шуд.
Ин ҳама аз ҷумлаи он корҳое мебошанд, ки имрӯз Саидҷон Ҷононов бо ҳамроҳии мардуми деҳоти ба номи Нусратулло Махсум ба анҷом расонидааст. Бале, ӯ пайваста пайи ободии диёру хушбахтии мардум заҳмат мекашад ва натиҷаҳои заҳматаш аз кори хубу масъулияти баланди роҳбариаш гувоҳӣ медиҳанд.
Саидҷон Ҷононов аз соли 1987 инҷониб (шаш даъват) вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт аст. Дар ин муддат вай фаъолияти меҳнатӣ, донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешгузошта сарф кардааст. Ӯ дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ пешниҳоди Сарвари давлатро бобати сарпарастии ятимону маъюбон, нафақахӯрон ва оилаҳои камбизоат якдилона дастгирӣ намуда, мунтазам ба онҳо кӯмаку мусоидат менамояд.
Бо роҳбарии бевоситаи Саидҷон Ҷононов татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар деҳоти мазкур хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин ҷост, ки дар деҳоти ба номи Нусратулло Махсум қонуншиканиҳо зимни гузаронидани маъракаҳо ва ё марбут ба фаъолияти падару модарон қариб ки ба чашм намерасанд.
Мо ба ӯ барори кор мехоҳем.
Ҳоким КАРИМОВ, узви Конфедератсияи Байналмилалии Иттифоқи журналистон