Дар партави Паёми Президент

Паёми Президент неруи тоза бахшид

№43 (3189) 28.04.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари таҳлили муфассали ҳаёти ҷомеаи кишвар, самтҳои асосии  инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро  муайян ва мушаххас намуд. Аз ҷумла нисбати рушди фарҳанг  таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод Мустафо Шукуров зимни суҳбат бо хабарнигорамон таассуроти хешро аз суханронии Президент чунин баён дошт:

-Ҳамон тавре ки нисбати рушди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, дар ягон давлат чунин нест. Аз ҳамин лиҳоз, ман ҳамчун санъаткор, Паёми Президентро ҳаматарафа дастгирӣ менамоям ва баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми ғайрату истеъдоди хешро сарф менамоям. Ман ва кормандони муассисаҳои фарҳанги ноҳияи дурдасти Тоҷикобод бо мақсади пешрафти Ватан, баланд бардоштани маънавиёти мардум фаъолияти хешро ба роҳ мондаем. Имсол ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат фестивал-озмуни «Андалеб-2014» доир мегардад, ки мо ба ин чорабинии фарҳангӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаем. Дар ин ҷода таҷрибаи хуб дорем ва дар якчанд фестивал-озмунҳо ҷойҳои сазоворро ишғол кардаем. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки солҳои 2004, 2006 ва 2008 ноҳияи Тоҷикобод сазовори ҷойҳои ифтихории фестивал-озмуни «Андалеб» гардида буд. Соли 2003 дар фестивали фолклорӣ, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО, бо номи «Баҳори Бойсун» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуда буд, байни 56 ансамбли фолклории 18 давлати дунё соҳиби «Гран-При» шудем. Ҳоло мо барои афзун кардани комёбиҳо ва ширкати фаъол дар фестивал-озмуни «Андалеб-2014» тамоми ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳияро сафарбар карда, мунтазам машқ мекунем.

Барои пешрафти фаъолият як масъаларо мехоҳам баён намоям, ки бо ҳалли он вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ва сифати хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар мешавад.

Бисёр биноҳои мо таъмирталабанд, аз ҷумла Қасри фарҳанги ноҳия. Соҳаи фарҳанги ноҳия ба биноҳои нави замонавии китобхонаю муассисаҳои клубӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳоло кормандони панҷ муассисаи клубӣ ва 14 китобхона ба қадри имкону тавоноӣ фаъолият мебаранд ва дар ҳама ин муассисот чорабиниҳои оммавӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар назди шуъбаи фарҳанг ансамбли тарона ва рақс амал мекунад. Мо ба мутахассисони касбии санъати рақс ва хор эҳтиёҷ дорем. Ин масъала низ вақтҳои наздик ҳалли худро меёбад, зеро дар асоси квотаи президентӣ якчанд нафар ҷавонони ноҳия дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил доранд.

Паёми навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти бештару пурсамар ба мо неруи тоза бахшид.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»