Пойгоҳҳои обкашӣ таъмир шуданд

№59 (3205) 05.06.2014

Пойгоҳҳои обкашии «Эскигузар-1» ва «Эскигузар-2» аз нуқтаҳои асосии обкашии ҳудуди шаҳри Ваҳдат маҳсуб ёфта, ҳар сол дар мавсими кишти  зироат хоҷагиҳои деҳқониро бо оби полезӣ таъмин менамояд. Дар натиҷаи солҳои тӯлонӣ фаъолият намудан таҷҳизот ва бинои  агрегатҳои пойгоҳҳои обкашӣ фарсуда гардиданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пойгоҳҳои обкаширо таъмир намуда, дар ҳолати хуби корӣ қарор дод. Айни ҳол агрегатҳои пойгоҳҳои обкашии «Эскигузар-1» ва «Эскигузар-2» пурра фаъолият карда, метавонад 226 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи  Раҷаб Исмоилов, кооперативи истеҳсолии Карим Исмоилов, хоҷагии деҳқонии «Муслим» ва 243 гектар заминҳои корами деҳаҳои ҳудуди деҳоти номбурдаро бо оби полезӣ таъмин намояд.

- Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Ваҳдат дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ният дорад, ки тариқи пойгоҳҳои обкашии «Эскигузар- 1» ва «Эскигузар- 2» заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллаи навбунёди Истиқлолро низ бо оби полезӣ таъмин намояд, — гуфт зимни суҳбат сардори идора Баҳрулло Зуҳуров.

Мувофиқи маълумоти масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Ваҳдат дар дигар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр низ чунин пойгоҳҳои калони обкашӣ фаъолият доранд.

Онҳо нақша доранд, ки пойгоҳҳои обкашии  боқимондаро дар кӯтоҳтарин муддат аз таъмир бароварда, кишоварзонро бо оби полезӣ таъмин намоянд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»