Сеҳри мӯқалам

Рамзи Ҳисор тасдиқ гардид

№107 (3253) 16.09.2014

Соли гузашта Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҷоди рамзи 3000- солагии Ҳисор  озмун эълон намуда буд.  Давоми беш аз як сол ба Кумитаи тадорукоти ҷашн 17 навъи рамзи эҷодшуда пешкаш гардид. Пас аз омӯзиш ва баррасиҳои тӯлонӣ ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000 — солагии Ҳисор таҳти роҳбарии  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода яке аз рамзҳоро интихоб намуданд. Сипас, тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамз такмил ёфта, пазируфта шуд. Яъне, дар рамз ба ҷойи расми «тоҷ» расми «офтоб» ва ба ҷойи расми «анор» расми «пахта» инъикос ёфт.

Дар робита ба рамзи тасдиқшуда, муаллифи он Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Зиёратшо Довудов ва мушовири илмии он, бостоншинос Музаффар Азизов изҳори назар карданд.

Зиёратшо Довудов: -Пас аз пазируфтани рамз аз ҷониби ҳайати  Кумитаи тадорукот бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзро дигарбора тағйир додам. Зиёда аз як моҳ барои эҷоди рамз кор кардам. Атрофи офаридани ин рамз баҳсу мунозираҳои зиёд сурат гирифт. Масалан, як нафар мехост пешниҳоди ӯро ба инобат гираму дар рамз расми гуфтаи ӯро кашам, нафари дигар онро рад мекард. Дар эҷоди рамз саҳми боризро Музаффар Азизов гузоштааст.

Музаффар Азизов: -Дар ин озмун аз минтақаҳо нафаре ширкат накард. Онҳое, ки рамзи Ҳисорро эҷод намуда, фиристониданд, бештар шакли дарвозаи таърихии Қалъаи Ҳисорро инъикос менамуданд. Дар марҳилаи аввал ин гуна шаклҳои якранг зиёд ворид шуд. Вақте онро ба Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000 — солагии Ҳисор пешниҳод намудем, онҳо ҷавоб доданд, ки аслан дарвозаи таърихии Қалъаи Ҳисор дар асри ҳаждаҳ бунёд шудааст ва бояд рамзеро офарид, ки дар худ таърихи сеҳазорсолаи онро таҷассум намояд.

Рамз дар шакли болосутун ва гунбаз бо заъфарон (навъи рустании ғизонок) низ пешниҳод шуд, вале қабул нашуд. Ҳамчунин мехостанд, ки расми гулҳои наврӯзиро низ дар рамз ҷой диҳем.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд бештар ба тамаддун ва фарҳанги қадимаи Ҳисор таваҷҷуҳ зоҳир кард. Дар ин ҷода ба мушкилот мувоҷеҳ шудем, зеро бозёфтҳои бостоншиносон аз ҳудуди Ҳисор хеле кам аст. Яъне, нигораи нодире, ки тавонист аз он истифода кард, тақрибан вуҷуд надошт. Дар робита ба ин Комиссияи экспертизаи таърихию фарҳангӣ дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 нафар аъзо аз тамоми муассисаҳои фарҳангӣ дорад, ҷаласа доир намуд ва дар он доктори илмҳои таърих, бостоншинос Юсуфшоҳ Ёқубов пешниҳод кард, ки дар асоси бозёфтҳои ба Ҳисор рабтдошта рамзро офарем. Ин гуна бозёфтҳои нодир ду адад буданд, ки  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд. Яке ситораи ҳаштгӯша (баъзан бо хато муҳри довудӣ ҳам мегӯянд), ки дар як хум ёфт шуда буд ва дигар ду болосутуни сангии аз асри дуи пеш аз милод, ки дар давраи Юнону Бохтарӣ бештар хонаҳои шаҳрҳоро аз сутунҳои сангӣ бунёд мекарданд. Дар ҳамин болосутунҳо тасвири чор шер буд, ки яктоаш боқӣ мондааст.

Барои офаридани рамз тамоми адабиёте, ки вобаста ба ҷаҳонбинии мардум дар давраҳои аҳди қадими қабл аз ислом мавҷуд буд, омӯхта шуд. Дар рамз шер бол дорад, ки дар гузашта ҳамчун шоҳи замину осмонӣ парастиш меёфт. Шер ҳатто шох дорад, ки он рамзи митра, яъне Худованди офтоб буд.

Грифони дигар дар шакли уқоб буд, ки чанголҳояш шермонанд, бол ва дар сараш шох дорад.

Сабаби ҷой додани ду грифон ба ин маъно аст, ки дар мардуми Ҳиндустон ва Байнаннаҳрайн парастиши шер вуҷуд дошт ва таъсири он то мо расида буд. Грифони паранда бошад, дар Эрон ва Осиёи Миёна парастиш меёфт. Дар парчами ковиёнии мо низ уқоб ҷой дода шудааст. Дастону ёлони шерро дорад, ки рамзи тамаддун ва бузургии халқро таҷассум менамояд. Ба ду тараф нигоҳ кардани грифонҳо чунин маъно дорад, ки шаҳри Ҳисор дар Шоҳроҳи бузурги абрешим ҷой гирифтааст ва тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун шаҳри  тамаддуну фарҳангҳо, сарзамини зарнисор, таъмингари неъмати кишоварзии минтақа ба шумор мерафт.

Давродаври он бо се ранг-сурх, сафед ва сабз, яъне рангҳои Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон оро ёфтааст. Дохили ранги сафед қисми болоиро навиштаҷот бо хатти кирилик ва лотинӣ — «Ҳисор 3000» оро медиҳад. Дар қисми поёнии давра ба ду тараф тасвири барги дарахти ғор (лавровое дерево), ки ҳанӯз дар давраҳои Юнон ва Рими қадим ин дарахт нишони  ифтихору қаҳрамонӣ буд. Масалан, дар олимпиадаҳои Юнони қадим ба сари ғолибон шохаю барги ҳамин дарахтро мемонданд ва ё дар расмҳои императорҳои Рими қадим метавон ин омилро мушоҳида намуд. Дар он хӯшаҳои гандум — рамзи кишоварзӣ ва неъмат дида мешавад. Ҳисор аз замонҳои қадим макони фаровонии ҳосили ғалладонагиҳо маҳсуб меёфт, ки дар асри нуздаҳ тамоми Бухороро бо ғаллаву мева таъмин мекард. Дар қисми поёнии давра пахтаи шукуфон ва дигар растаниҳо — нишони неъмату фаровонии сарзамин тасвир ёфтаанд. Байни махлуқот аз қисмати пеш баргҳои ток ва хӯшаи ангур — рамзи фаровонӣ ва хушнудию абадият тасвир ёфтаанд. Рамзи тасдиқшуда, дар асоси бозёфтҳои археологӣ эҷод шуда, таърихи аҳди қадимаи ин диёрро таҷассум менамояд.

Х. Абдуваҳҳоб, «Садои мардум»