Иқдом

Саховатмандони Файзобод марҳилаи нави ободониро оғоз бахшиданд

№50 (3351) 07.04.2015

Моҳи январи соли гузашта бо қарори раиси ноҳияи Файзобод  суратҳисоби «Саховатмандони диёр» ва баъдан моҳи феврали ҳамон сол Шӯрои рушди Файзобод таъсис дода шуд. Ин Шӯро маблағҳои ба суратҳисоби «Саховатмандони диёр» воридшударо ихтиёрдорӣ намуда, сарфу харҷи онро назорат мекунад. Ин иқдом баъди раиси нави ноҳия таъин шудани Каримиён Имомназар амалӣ гардид. Мавсуф бо мақсади ҷалби бештар ба ободу зебо гардонидани диёр ва рушди истеҳсолот онҳоро ба корҳои созандагӣ даъват кард.

Шӯрои рушди Файзобод аз намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, ки ҳафт нафар намояндагӣ менамоянд, иборат мебошанд. Давоми як соли фаъолият Шӯро чораҳо андешид, ки ба корҳои хайр ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия ва берун аз он фаъолиятдошта, инчунин истиқоматкунандагони ноҳияро ҷалб намояд. Бо мақсади иҷрои ин амал аъзои Шӯро вазифадор шуданд, ки ташвиқоту тарғиботро байни аҳолӣ оид ба  ҷамъоварии маблағҳои хайриявӣ ба роҳ монанд ва худашон низ дар он фаъолона иштирок намоянд. То давраи таъсиси Шӯрои рушди Файзобод дар суратҳисоби «Саховатмандони диёр» 102 ҳазор  сомонӣ мавҷуд буд. Ин маблағро шахсони саховатманд, кормандони ташкилоту муассисаҳо, деҳоту шаҳрак, шахсони алоҳида  ва  ширкату ҷамъиятҳо ворид намуда буданд. Шӯрои рушди Файзобод маблағҳои воридшударо ба ҳисоб гирифта, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намуд, ки  иншооти сохтмонаш нотамоми идораи мудофиаи граждании ноҳияро, ки солҳои зиёд аз истифода берун аст, аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби «Саховатмандони диёр» таъмиру тармим намуда, дар заминаи он бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, сехи қаннодӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ сохта шавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ таклифи Шӯрои рушди Файзободро дастгирӣ намуд ва барои сохтмони иншооти зикршуда розигӣ дод.

-Ба мо лозим омад, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии меъморию лоиҳакашии ноҳияи Файзобод, ки аз ҷумлаи саҳмгузорони фаъоли  суратҳисоби «Саховатмандони диёр» ҳастанд, барои тартиб додани сметаи хароҷоти корҳои таъмиру сохтмонӣ муроҷиат намоем. Лоиҳа аз тарафи ин корхона таҳия шуд. Барои пеш бурдани кор дар сохтмон шахси мутасаддӣ низ таъин гардид. Моҳи феврали соли 2014 сохтмони иншооти номбаршуда оғоз гардида, ба наздикӣ хушсифат анҷом ёфт.

Давоми як соли сипаришуда ба суратҳисоби «Саховатмандони диёр» 197639 сомонӣ  ворид шудааст. Аз маблағи воридшуда 191132 сомониаш  барои иншооти дар боло зикршуда сарф гардида, имрӯз дар суратҳисоб ҳамагӣ  6507 сомонӣ боқӣ мондааст. Ҳамаи маблағҳои хароҷотшуда дар асоси дархости шахси вобастакардашуда бо нишон додани ҳамаи намудҳои маҳсулоти зарурӣ пардохт мешавад. Маблағҳо аз филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» -и ноҳия мувофиқи дархости Шӯро дастрас ва харҷ мешавад. Маблағҳои сарфшуда бошад, дар асоси ҳисобот аз ҳисоб бароварда мешаванд,- мегӯяд раиси Шӯро Искандар  Каримов.

Вақте дар бораи саҳмгузорони суратҳисоби «Саховатмандони диёр» пурсон шудем, ҳамсуҳбатамон ба мо рӯйхати калонеро нишон дод, ки дар он пеш аз ҳама ҶДММ «Мурғи ҳилол», беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ, Хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи  А.Назиров, ҶДММ «Аҳмад Шариф», ҶДММ «Умед – 79», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ҶДММ «Гумбулоқ», нозироти андоз, бозори «Ганҷрез», ҶДММ «Ширинбек» ва ғайра сабт шудаанд.  Инчунин шахсони алоҳида Қувват Раҳимов,  Файзулло Пиров, Ҷунайдулло Носиров, Қудратулло Ниёзов,  Бахтиёр Нуралиев, Мирзо Холов, Рустам Шоев, Сафомуддин Каримов, Умедҷон Охунов, Абдулло Шарифзода, Алиҷон Очилов ва Мукаррама Шарифова  ҳар кадом аз 1000 то 4000 сомонӣ  ба суратҳисоби зикршуда маблағ гузаронидаанд.

Дар баробари корҳои анҷомдодашуда  дар ноҳия аъзои Шӯро бо мактубу дархост ба дигар шаҳру ноҳияҳо сафар намуданд. Онҳо ба ҳамдиёрони берун аз ҳудуди ноҳия вохӯрда, аз онҳо даъват ба амал  оварданд, ки дар ободонию созандагии ноҳия саҳмгузор бошанд. Дар натиҷа, бисёриҳо, аз ҷумла  Хайрулло Асозода- собиқ  вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Абдуқодир Давлатов -сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» -и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин корҳои хайр ҳамроҳ шуданд.

-Як нуктаи дигар қобили таваҷҷуҳ ва боиси таҳсин аст, ки иддае аз ҳамдиёронамон корҳои хайру савобро бе ворид намудани маблағ ба суратҳисоби «Саховатмандони диёр» низ анҷом доданд. Аз ҷумла бори нахуст дар таърихи ноҳия сокини деҳаи Файзободи деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев Каримова Шоира Нарзуллоевна барои кӯдакони оилаҳои камбизоат боғчаи хусусӣ ташкил намуд. Мавсуф ҳамчунин ба маблағи 22000 сомонӣ маркази саломатии деҳаро таъмир намуда, барои занҳои деҳа сехи дӯзандагӣ ташкил ва ҷиҳати ба кори доимӣ ҷалб намудани онҳо чораҳои амалӣ андешид. Каримзода Манучеҳр бошад, кӯпруки деҳаи Шерамонро бо маблағи худ  таъмир ва 32 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоатро хатнасур намуд. Дар деҳаи Дараи гӯсфандак мардум тасмим гирифтанд, ки  ба маблағи 30000 доллари ИМА чоҳи оби нӯшокӣ кананд. Сокини деҳаи Элок Илҳом Сулаймонов барои маркази саломатии деҳа мизу курсӣ  ва барои ҷавонони деҳа толори варзишӣ сохта, ба истифода дод,- бо хушҳолӣ иброз медорад Искандар  Каримов .

Иттилоъ пайдо кардем, ки дар деҳаи Дашти марзо ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ кӯпрук, 38 ҳазор сомонӣ маркази маърифатӣ, ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ роҳҳои дохили деҳаро сангфарш ва ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ барои дар фасли зимистон аз барф тоза намудани роҳҳои ҳудуди деҳа трактор харидорӣ намуданд. Оилаи Ғафуровҳо аз шаҳраки Файзобод ба маблағи 50 ҳазор доллари ИМА варзишгоҳи мактаби рақами 1-ро таъмир намуда, дар деҳаи Кенҷаобод мактаби замонавӣ сохта истодаанд. Тавассути дастгирии соҳибкор Ниёзов Қудратулло донишҷӯи курси дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Саъдуллоева Мавлуда ҷоизадори мусобиқаи байналмилалӣ дар намуди гӯштии тарзи дзюдо дар шаҳри Бишкек гардид. Қаландаров Исмоил барои ҳамдиёрон нонвойхонаро ба истифода дода, тасмим гирифтааст, ки боз як толори варзишӣ барои ҷавонон месозад. Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳиммати баланди соҳибкорон мушоҳида  гардид. Аз ҷумла соҳибкор Субҳиддин Ғафуров дар мусобиқаи калони гӯштӣ барои ғолибон ду мошини сабукрав ва Каримзода Манучеҳр як мошин туҳфа карданд.  Ҳамзамон аз ҷониби саховатмандон 72 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат хатнасур карда шуданд.

Дар ноҳия сафи онҳое, ки мехоҳанд ба саховатмандон бипайванданд, мунтазам зиёд мешавад. Одамон моҳияти ин иқдомро дуруст дарк карда, мехоҳанд дар ободонии диёр саҳмгузорӣ намоянд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»,

Ф. НАҶМИДДИНОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон