Дар партави Паёми Президент

Шаҳри Роғун: Комёбиҳо афзун ва камбудиҳо бартараф мешаванд

№131 (3277) 08.11.2014

«Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати минтақавӣ ба масъалаи рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакат ва беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар давраи истиқлолият бо ин мақсад 42,5 миллиард сомонӣ сарф карда шудааст. Мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда барои рушди минтақаҳои мамлакат беш аз 110 миллиард сомонӣ равона намоем».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014)

Дар ҷаласаи васеи Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ки  бо ширкати роҳбарону масъулони тамоми сохторҳо ва ташкилоту идораҳо баргузор шуд, нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2014 ҷамъбаст гардид. Раиси шаҳри Роғун Ш. Шарифзода зимни гузориши муфассал, аз ҷумла зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли равон иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ 112 фоизро ташкил дод. Қисми хароҷоти буҷет бошад, ба ҷойи 25 732,3 ҳазор сомонии нақшавӣ дар ҳаҷми 19 540,7 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки ин нишондод 76 фоизро ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли 2013-ум                             6 561,5 ҳазор  сомонӣ зиёд аст. Асоси иҷро ва ғанигардонии буҷет ҷамъоварии андоз ва мавриди андозбандӣ қарор додани субъектҳои  хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, ҳамаи намуди андозу даромадҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ба ҷойи 66 021,3 ҳазор сомонӣ, дар ҳаҷми 67 338,0 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондод 102 фоизи иҷрои нақшаи нуҳмоҳаро ташкил медиҳад. Гуфтан бамаврид аст, ки  нишондиҳандаи  мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 154,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар шаҳри Роғун ба ҳолати 1 октябри соли 2014-ум 1320  субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла 229 адад шахсони ҳуқуқӣ, 250 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва 841 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд.

Дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр ҳамзамон  нақши бонкҳо калон аст. Дар баробари дигар нишондиҳандаҳои пешрафти фаъолияти онҳо, аз ҷумла зикр гардид, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ тавассути филиали бонкҳои дар шаҳри Роғун фаъолияткунанда 56 566,9  ҳазор сомонӣ интиқол гардидааст.

Тавре Ш.Шарифзода зикр кард, дар шаҳри Роғун бо истифодаи мақсадноки буҷети маҳаллӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ корҳои зиёди ободонӣ ва беҳтар кардани сатҳи иҷтимоии мардум анҷом дода мешавад. Чунончӣ, дар ҳудуди шаҳр айни ҳол 11 лоиҳа аз тарафи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон «Фонди Оғохон»   амалӣ шудааст, ки инҳо хатҳои оби нӯшокии деҳаи Гули Сурх, кӯчаи Дараи Тутак ва кӯчаи Дебистон, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Чашмаи Кулло, сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Калтаҳо, таъмири бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Қандак, Калтаҳо, Деҳқонобод, Пору, Фаррух ва таъмири системаи  гармидиҳии муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №28-и деҳаи Қалъаи Нав мебошанд. Маблағи  умумии лоиҳаҳои мазкур 1 249,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ташкилоту муассисаҳои шаҳр, шахсони саховатпеша бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, 69-солагии Ғалаба ба эҳтиёҷмандон, иштирокчиёни ҶБВ, пиронсолон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯдакони ятиму бепарастор ва хонаи бачаҳо ба маблағи 104,4  ҳазор сомонӣ  кумакҳои моддӣ расонида шудаанд.

Кишоварзӣ  яке аз бахшҳои  муҳимтарини иқтисодиёти шаҳр ба ҳисоб меравад.  Айни ҳол  дар  майдони 1227 гектар гузаронидани кишти ғалладонагӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ арзиши умумии маҳсулоти кишоварзӣ 57 951,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  862,4 ҳазор сомонӣ кам аст. Дар қаламрави шаҳри Роғун бо мақсади рушди соҳаи боғпарварӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27 августи соли 2009 таҳти № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» давоми ин солҳо дар майдони 324 гектар замин боғҳои нави мевадиҳанда бунёд шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 116 гектар зиёд мебошад. Илова бар  ин, 32 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор шуд. Саршумори чорвои калони шохдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 674 сар, моли майда 6,3 ҳазор сар зиёд шуд. Истеҳсоли гӯшт ва тухм низ дар давраи ҳисоботӣ афзоиш ёфт.

Дар минтақаҳои кӯҳистон  истифодаи оқилона ва самараноки замин аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.  Раиси шаҳр Ш. Шарифзода  иброз дошт, ки ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми майдонҳои кишти такрорӣ, аз ҷумла кишти ғалла, инчунин пешгирии истифодаи ғайриқонунии заминҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис шуда, фаъолияти онҳо зери назорати доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор  дорад. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 73 нафар заминистифодабарандагон бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардиданд. Аз тарафи  сохторҳои марбута 30 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор карда, нисбат ба 24 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 7000 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 218 нафар сокинони деҳаҳои ҳудуди шаҳр қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз мавзеи Ёли Гармоба ва мавзеи Каландии деҳоти «Қади Об» ҷудо карда шуд. Раиси шаҳр махсус зикр кард, ки  ҳашт деҳаи деҳоти «Сичароғ» ҳамчун  минтақаи зериобмонии НБО-и «Роғун»  эътироф шудааст. Шумораи муҳоҷирон дар минтақаи зикршуда  438 оиларо ташкил медиҳанд, ки 199 оила ба деҳаи Тойчии шаҳри Турсунзода кӯчонида мешаванд. То  ба  имрӯз  63 оила кӯчонида шуд. Барои 239 оилаи дигари муҳоҷирон дар деҳаи Сайидони болои деҳоти «Сичароғ», минтақаи Ёли Гармобаи деҳоти «Қади Об», деҳаи Луғури деҳоти «Сичароғ»  қитъаҳои замин пешбинӣ шудааст. Корҳои омодагӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ, бунёди хати таъмини оби нӯшокӣ ва полезӣ, гузаронидани хати интиқоли барқ, сохтмони роҳҳои дохили хоҷагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва мактаб дар мавзеъҳои зикршуда марҳила ба марҳила ба анҷом мерасанд.

-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он вазифаҳое, ки дар соли 2014 ба нақша гирифтааст, пурра иҷро менамояд,- гуфт дар ҷамъбасти  суханронии хеш Ш. Шарифзода.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»