Мушкилот ва пешниҳод

«Симфонияи экологӣ»

№109 (3255) 20.09.2014

Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» симфония чунин маънидод шудааст: «1. Асари бузурги мусиқӣ барои оркестр. 2) Ба як ҷо ҷамъ омадани чизҳои зебои ҳамоҳанг ва ба ҳамдигар наздик: симфонияи гулҳо, симфонияи рангҳо». Аммо, дар ин навишта мо роҷеъ ба асари мусиқӣ ва чизи зебо не, балки роҷеъ ба симфонияе ҳарф мезанем, ки дар фазои экологии як минтақа аз ба ҳам омадани ифлосиҳо, дуду бӯйи ғализ эҷод шудааст.

Инро ҳар нафаре, ки боре дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ҳаракат менамояд, зуд ҳис мекунаду аз он «ҳаловат» мебарад. Ҳангоме, ки аз ҷониби шаҳри Ваҳдат омада, ба пойтахти кишвар наздик мешавед, бӯйи ғализе ба машоматон мерасад ва нороҳат мешавед. Агар дару тирезаҳои мошин маҳкам ҳам бошад, пеши онро гирифта наметавонад. Ин бӯй аз партовгоҳи шаҳрӣ, ки тахминан як километр дарунтари теппаи сари роҳ воқеъ аст, ба атроф паҳн мешавад. Вақте аз дарвозаи шарқии пойтахт ба шаҳр ворид мешавед, бӯйи дигари «фораме» шуморо пешвоз мегирад, ки аз корхонаи дар паҳлуи рости шоҳроҳ хориҷ мешавад. Ба ин симфония дуди сип-сиёҳу ғализе аз ҷониби чап (корхонаи коркарди оҳан) ҳамроҳ мешаваду табъи шуморо «болидатар» месозад. Даврони шӯравӣ дар ин ҷо заводи истеҳсоли қубурҳои ба фишор тобовар фаъолият мекард, вале бо вуҷуди бузургиаш дуду чанги онро мушоҳида намекардем. Алҳол дар ин ҷо корхонаи хурде таъсис ёфтааст, ки оҳанпораҳоро коркард карда, арматура истеҳсол мекунанд. Бунёди чунин корхонаҳо ва фаъолияти онҳо ба манфиати кор аст ва ин ҷои баҳс надорад. Табиист, ки дар чунин корхонаҳо чанд нафаре соҳиби кор шудаву рӯзгорашонро пеш мебаранд. Аммо, масъулони ин корхонаҳо набояд ба ифлосшавии муҳити атроф ва нороҳатии одамон роҳ диҳанд.

Тариқи шоҳроҳи Душанбе –Ваҳдат ҳар рӯз ҳазорон нафар сафар мекунанд. Аз ин хотир бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шоҳроҳ азнавсозӣ шудааст. Дар робита ба ин аз иқдоми дигаре, ки аз ҷониби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст, метавон ёдовар шуд. Моҳи апрели соли 2008 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ва мулоқот бо аҳли заҳмати минтақаи зикргардида Сарвари давлат супориш дода буд, ки теппаҳои паҳлуи шоҳроҳро ба боғот табдил диҳанд. Баҳри амалӣ гардонидани ин супориши Президент аҳли Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ  ҳазорҳо ниҳоли сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда, онҳоро сарфи назар аз мушкилии зиёд (нарасидани об) парвариш мекунанд. Алҳол дар бораи силсилакорхонаҳои истеҳсоли хишт дар миёни дараву боғҳо чизе намегӯем, ки саҳми онҳо низ дар «тозаю озода гаштани муҳити зист» назаррас аст.

Таъкид менамоем, ки бунёди корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ ва ҷалби садҳо нафар бо кори доимӣ иқдоми хуб ва боиси дастгирист. Аммо, тоза нигоҳ доштани муҳите, ки одамон дар он зиндагӣ доранд, вазифаи ҷонии ҳар яки мост.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»