Созандагӣ — рисолати занон

№61 (3207) 10.06.2014

Ниёзҳо, мушкилот ва масъалаҳои марбут ба таъмини иштироки занону ҷавондухтарон ба фаъолияти ҷамъиятӣ дар барномаҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ воқеъбинона инъикос ёфтаанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти онҳо ҷӯшу хурӯши тозае бахшид. Дар ин бора зимни суҳбат бо хабарнигорамон мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Фируза Камолова чунин ибрози назар кард:

- Сокинони шаҳраку деҳот, аҳли заҳмати ташкилоту идора  ва муассисаву корхонаҳо ба ин ҳуҷҷати муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Солҳои охир ба шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи  Ҳукумати кишвар ширкати занон дар пешбурди соҳаҳои гуногун бештар мешавад.

Баёни ин нукта аз ҷониби Сарвари давлат далели равшани гуфтаҳои болост: «Солҳои охир нуфузи занон дар самти соҳибкорӣ бештар гардида, имрӯз онҳо беш аз 30 фоизи соҳибкорони мамлакатро ташкил медиҳанд».

Шумораи умумии занҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ 192 ҳазор нафар буда, беш аз 170 ҳазор нафари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Беш аз 3650 нафари онҳо дорои маълумоти олӣ буда, аксаран дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг фаъолият мекунанд ва беш аз 900 нафарашон занони соҳибкор мебошанд. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2013 ин ҳар чӣ бештар ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия ҷалб кардани занон буд.

Ҳоло иштироки занони ноҳия дар корҳои роҳбарӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назаррас аст. Аз ҷумла панҷ мудири шуъба, чор раис, 126 сарвари мактабҳо ва муовинони онҳо, 12 нафар роҳбари муассисаҳои фарҳангӣ, 255 роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон мебошанд.

Як нафар зан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 110 нафар занон вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Ҷиҳати беҳдошти ҳаёти занон дар ноҳия «Стратегияи  миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони болаёқат барои солҳои  2007 – 2016» амалӣ мешаванд.

Бо мақсади пешгирӣ аз хушунат дар оила, тарғиби ҳаёти солим, мубориза ба муқобили савдои одамон, фарогирии духтарон ба таълим, пешгирии зуҳуроти номатлуб зиёда аз 15 чорабинӣ, аз қабили семинар — машварати омӯзишиву иттилоотии «Хушунат – омили номатлуби ҷомеа» байни занону духтарон, мизи мудаввари «Омилҳои мусоидаткунандаи  тавлиди зӯроварӣ дар оила» дар деҳоту шаҳраки ноҳия бо иштироки сарварони ташкилотҳои занону духтарони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимию  тандурустӣ, корхонаю идораҳо ва маҳфили «Боварӣ» (мулоқоти намояндаҳои сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо занону духтарони бо хушунат ва зӯроварӣ дучоргашта) гузаронида шудааст. Ҷашни Рӯзи Модар, ки бо иштироки занони ноҳия баргузор гардид, аз ҷумлаи тадбирҳои хотирмони соли равон дар ҳаёти занон маҳсуб меёбад.

Дар ҷомеае, ки ба ниёзҳои занон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, муҳити хонаводагии солим пойдор аст. Дар чунин муҳит фарзандони ватандӯсту боирода ва дорои ақлу виҷдони пок  тарбият меёбанд.  Паёми Сарвари давлат маҳз ин мақсади наҷибро ба миён гузошта, моро водор месозад, ки ягон лаҳза онро фаромӯш насозем.

Паёмҳои Президенти кишварро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми мамлакат ҳамасола чун як муждае аз оғози сол ва мавсими бунёдкориҳо интизор шуда, вобаста ба роҳнамоиҳои он давоми сол кору зиндагияшонро ба нақша медароранду тибқи он амал мекунанд. Мардуми шарифи ноҳияи Рӯдакӣ низ меҳнати ҳалолу софдилонаро мароми худ қарор дода, ҳамасола баҳри иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёмҳои Сарвари давлат бармеоянд, талош менамоянд. Ин аст, ки давоми солҳои охир оид ба ғанӣ гардонидани буҷет, ҳар чӣ бештар истеҳсол намудани маҳсулот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  кори назарраси  зиёде ба анҷом расида, дар бахшҳои гуногун натиҷаҳои баланд ба даст омадааст.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»