Таҳкимбахши дастовардҳои истиқлолият

№129 (3275) 04.11.2014

Ниёгони мо ҳангоми ташкили давлатдорӣ дар ҳама давру замон ба қабули қонунҳо барои манфиати халқ диққат медоданд. Маълум мешавад, ки дар ин ҷода як мактаби миллӣ низ мавҷуд будааст. Дар ин маврид Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид дошта буданд: «Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқ, озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ чунин таҷрибаро дорост. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши  Кабир, ки зиёда аз дувуним  ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».

Дар замони барқарории давлати Сомониён меъёрҳои қонунӣ қабул ва дар онҳо сохтори давлатдорӣ мушаххас нишон дода мешуд. Вазоратхонаҳо ва вазоифи онҳо муқаррар мегардид. Дар даврони шӯравӣ низ қонун ва риояи он дар ҷойи аввал меистод.

Ҳамин тариқ, олимон ва сиёсатмадорони тоҷик бо истифода аз таҷрибаи давлатдорӣ ва мутобиқ сохтани он ба талаботи даврони нав дар як марҳилаи сарнавиштсоз тавонистанд, ки лоиҳаи Сарқонунро тайёр намуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намоянд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз заминаҳои асосии пойдории давлатдории тоҷикон гардид. Дар давоми соҳибистиқлолӣ ду  маротиба ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки барои боз ҳам мукаммалтар гардидани он мусоидат намуд.

Дар ин бора Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ хотирнишон намудаанд: «Такмили Конститутсия ба мо имконият дод дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».

Мавқеи асосиро дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, 34 моддаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне сеяки он ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

Дар моддаи 84-уми боби ҳаштуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

«Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».

Аз ин ҷост, ки мо — кормандони соҳа дар иҷрои вазифа бояд масъулияти баланди касбӣ дошта бошем. Лозим меояд, ки барои исботи бегуноҳӣ ё гунаҳкории шахс, ҳифзи манфиатҳои давлат ва таъмини адолат талаботи қонунро ба асос гирифта, вазифаҳои дар уҳда доштаамонро содиқона иҷро намоем.

Ҷойи таассуф аст, ки сокинони маҳалҳо аз қонунҳои амалкунанда хуб огоҳӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, дар маҳалҳо бо мақсади омӯзиши қонун ва санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ дар байни мардум корҳои зиёди фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаем. Бо ин мақсад мо дар ноҳия давоми сол бо сокинони маҳалҳо вохӯриҳо ташкил менамоем, ки дар он намояндагони дигар мақомоти қудратӣ низ ширкат меварзанд ва дар атрофи қонун ва ҷомеаи шаҳрвандӣ суханронӣ менамоянд.

Ба танзим даровардани зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандон дар асоси нишондодҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ҳаёти хушбахтонаи сокинони мамлакатро таъмин намоем. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан шаҳодатномаи иқболи миллат аст ва сокинони кишвар онро бояд муқаддас донанд, эҳтиром бигзоранд ва дар асоси нишондодҳои он кору зиндагӣ кунанд. Агар эҳтирому риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба ҷо орем, бешак, дар навбати худ он ҳомии мо хоҳад буд.

Вобаста ба ин Роҳбари давлатамон чунин таъкид кардаанд: «Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон, эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».

Бист соли фаъолияти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки воқеан ҳам меъёрҳои он ҷавобгӯйи ормонҳои халқи Тоҷикистон будааст, зеро онҳо боиси ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва сиёсии кишварамон гардиданд.

Улфатшо ОЛИМЗОДА, раиси Суди ноҳияи Рашт