Викторинаи экологӣ дар дараи Варзоб

№47-49 (3193-3195) 13.05.2014

Муҳити тозаю озода, ҳавои бечангу ғубор ва оби хушу гуворо ба ҳар одам писанд асту аз он рӯҳу ҷонаш баҳра мегирад. Худованд барои кишвари биҳиштосои мо чунин муҳиту табиатро ато кардааст. Мутаассифона, баъзан худи мо — инсонҳо ба вайрон шудани муҳити зист, ифлосии об ва гирду атроф  саҳм  мегузорем. Бинобар ин, тарбияи маърифати экологии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, зарур аст. Дар ин замина  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири зиёд меандешад. Аз ҷумла чанд рӯз пеш бо иқдоми Кумита ва Муассисаи давлатии «Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат» ва ҳузури хонандагони гимназияи махсуси Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар  шаҳри Душанбе, дар яке аз мавзеъҳои хушманзари ноҳияи Варзоб викторинаи  экологӣ доир гардид.

Ҷамъомади мазкурро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ифтитоҳ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро манфиатбахш арзёбӣ кард. Муовини раиси Кумита Ойхон Шарифова оид ба тарбияи экологии насли наврас бо истифода аз воситаҳои аёнӣ маълумот пешкаш намуд. Кори маҳфилро директори Муассисаи давлатии «Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат» Неъматулло Сафаров идома дод.

Зимни баргузории викторина ва шарҳи масъалаҳои экологӣ хонандагон маҳорати хуб нишон дода, ба саволҳо пурраю пурмазмун ҷавоб гардониданд. Иштирокчиёни фаъоли викторина бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Мақсади асосии ин чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву маърифатнокии хонандагон дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.

Б. КАРИМОВ, «Садои мардум»