Нуфуз ва таъсири СҲШ тавсеа меёбад

№1 (3302) 01.01.2015

Соле, ки сипарӣ шуд, воқеаҳои фараҳбахшу хотирмон, рӯйдодҳои муҳими  сиёсии сатҳи байналмилалидоштаро дар бар мегирифт. Дар ин сол 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил гашт. Ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, Форуми якуми сармоягузорӣ дар доираи «Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Аз ин миён баргузории ҷаласаи 14-уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (рӯзҳои 11-12 сентябри соли 2014) ҷолиб буд. Ҷараёни ин ҳамоишро бештар аз 500 нафар хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ инъикос намуданд. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази матбуот ташкил ёфт, ки бо дастгоҳҳои муқтадири технологияи муосир ҷиҳозонида шуда буд.

Зимни суҳбат хабарнигорон аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Япония аз фароҳам овардани чунин шароити мусоид изҳори қаноатмандӣ намуданд. Баргузории ин чорабинӣ нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам  баланд бардошт.

Тӯли 13 соли фаъолияти СҲШ доираи нуфузи он хеле васеъ гардид. Дар ҳамоиши шаҳри Душанбе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ин Созмонро ба уҳда дошт, фаъолияти минбаъдаи он ҳамаҷониба баррасӣ шуд. Зикр кардан бамаврид аст, ки тарафи Тоҷикистон раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхайро дар сатҳи баланд ва корҳои тадорукотиро ба Саммити СҲШ бомуваффақият анҷом дод ва дар рушди он саҳми муҳим гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи худ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Халқии Хитой (13 сентябри  соли 2014) доир ба фаъолияти минбаъдаи ин Созмон чунин ибрози назар намуд: «Ҷаласаи 14-уми СҲШ дар рушди Созмон боби нав  мекушояд. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бозкунандаи  дурнамо барои қабули давлатҳои нави аъзои СҲШ мебошанд, меравад. Моҳиятан, мо на танҳо дар остонаи афзоиши миқдорӣ, балки рушди сифатии СҲШ низ қарор дорем».

Ин Созмон баъди таъсис ёфтан бо таъмини буҷети худ сохтори таркибӣ ва ҳайати корӣ мавқеи байналмилалӣ касб намуд. Минбаъд доираи нуфуз ва фаъолияти СҲШ беш аз пеш васеъ мегардад, зеро дигар давлатҳо низ ба он изҳори ҳамкорӣ карда истодаанд. Аз ин ҷост, ки давоми солҳои 2007-2009 Ҷумҳурии Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии  Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамчун кишварҳои нозир ва Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Шри – Ланка ба ҳайси шарикони муколама ба ин Созмон пазируфта шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи ихтисосии  нашрияи «Аргументы и факты» (шумораи махсус ба муносибати ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ) ба ин Созмон чунин баҳо додааст: «Имрӯз Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз ниҳодҳои калидии минтақа дар самти мубориза алайҳи таҳдидҳои терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ маҳсуб мешавад. Дар чорчӯби Созмон ба татбиқи масоили муҳими амниятӣ, аз ҷумла пешгирии хатарҳое, ки хусусияти сиёсию террористӣ доранд ва ба амнияти иттилоотӣ таҳдид мекунанд, авлавият дода мешавад. Дар ин робита Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавсеа ва такмили минбаъдаи фаъолияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ истиқбол мекунад».

Шиори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раёсати СҲШ — «Ҳамкорӣ, ҳамроҳӣ, ҳамшукуфоӣ» ба ҳисоб мерафт. Дар ин радиф, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ лоиҳаҳои муштаракро бо давлатҳои аъзои СҲШ амалӣ созад. Бо ин мақсад ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲШ чандин лоиҳаҳо татбиқ гардида истодаанд, ки ба рушди соҳаҳои гуногун мусоидат менамоянд.

Зимни изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳайси Роҳбари давлати раисикунанда дар СҲШ сухан гуфт, ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши Душанбе пурарзиш ва таърихӣ баҳогузорӣ шуд.

Воқеан ҳам имрӯз нуфузи СҲШ дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд аст. Феълан давлатҳои аъзои СҲШ 60 фоизи ҳудуди АврОсиёро ишғол менамоянд. Дар ин давлатҳо 1,6 миллиард аҳолӣ зиндагӣ доранд. Баъди СММ Созмони Ҳамкории Шанхай дуюмин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дониста мешавад.

Дар ҳамоиши Душанбе қабул шудани санадҳои муҳим, аз ҷумла қарорҳо дар бораи  уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти Созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв ба қабули аъзои нав  ба СҲШ роҳ мекушоянд. Ҳамзамон кишварҳои нозир дар СҲШ аз ин Созмон иқдомҳои  мушаххастареро  оид ба тавсеаи он интизоранд. Ҳанӯз феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Исломии  Эрон изҳор дошта буд, ки мо алоқаманди узви комилҳуқуқ будан дар ин Созмон ҳастем.

Тайи 13 соли мавҷудияти худ СҲШ таваҷҷуҳи дигар давлатҳоро ба худ ҷалб намуд ва зарурат пеш омад, ки шаклҳои нави ҳамгироӣ, аз ҷумла дар самти қабул ба узвиятро ҷустуҷӯ намоянд. Аз ин хотир «Низомнома дар бораи тартиби қабули аъзои нав ба СҲШ» дар таҳрири нав қабул ва вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Дар ҳамоиши Душанбе кишварҳои нозир – Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон барои қабул ба узвияти СҲШ дархост доданд.

Оянда СҲШ чун яке аз созмонҳои бузурги геополитикӣ ҳудуди худро аз Арктика то уқёнуси Ҳинд ва аз Балтика то уқёнуси Ором вусъат хоҳад бахшид. Ин нуктаи назари коршиносони масоили сиёсӣ асоси воқеӣ дошта метавонад, зеро солҳои минбаъд тавсеа ва рушди СҲШ  таҳти таъсири як силсила омилҳо шакл хоҳад гирифт. Омилҳои асосиро авзои геополитикии ҷаҳон, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика байни кишварҳои бузурги содиркунанда ва воридкунандаи манбаъҳои энергетикии аъзои СҲШ, ҳамкориҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод ташкил медиҳанд. Ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ аз сиёсат  ва амният  оғоз гардида, ба паҳнои иқтисодиёт гузаштааст.

Ҳамкории мутақобилан судманд ва талошҳои муштараки давлатҳои аъзои СҲШ имкон медиҳад, ки дар ҷаҳони мураккабу печидаи асри XXI, бахусус дар марҳилаи таҳаввулоти амиқи авзои ҷаҳонӣ ва буҳронӣ дар самтҳои иқтисод, сиёсат ва равобити байналмилалӣ, мавқеъ ва ҷойгоҳи устувор дошта бошанд.

Дар ҳамоиши Душанбе раёсати Созмони Ҳамкории Шанхай ба уҳдаи Федератсияи Россия вогузор шуд. Ҷаласаи 15-уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ  соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия баргузор мегардад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»