18-уми майи соли ҷорӣ ба асари боронгариҳои пуршиддат сатҳи оби дарёи Ёхсу баланд гардида, ба деҳаҳои Кӯчабоғ ва Ниҳолпарвар (Лесаптовник)-и деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ зарар расонд. Дар натиҷа, майдони кишт ва хонаю иншооти ёрирасони сокинон зери обу лой монд.
Баҳри бартараф кардани офати табиӣ комиссияи махсус аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ташкил гардида, ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Субҳон Усмониён, сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Восеъ, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки дар натиҷаи обхезӣ тақрибан 11 гектар заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла боғу токзор, 2 ҳавзи моҳипарварӣ, 80 хоҷагӣ бо иншооти ёрирасон, зарар диданд. Як қисмати роҳи мошингарди Кӯлоб низ таъмирталаб гардидааст.
Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки сокинон ба ҷойҳои бехатар интиқол дода шуда, хушбахтона, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Феълан дар ин масир бо техникаю механизмҳои идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соҳили рахнашуда, ки тақрибан 450 метрро ташкил медиҳад, пурра мустаҳкам гардида, корҳои соҳилбандӣ дар ин масир идома доранд.
Инчунин, барои бартараф кардани офати табиӣ аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа 3000 литр сӯзишворӣ дастрас гардид.
Гуфта шуд, ки феълан комиссия ташкил гардида, ҳаҷми хисорот муайян карда мешавад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»