Огоҳинома

№118 (3419) 04.09.2015

оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунии ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ сабти ном гашта, тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» уҳдадор аст, ки талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.

Бо вуҷуди ин, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вақтҳои охир ба қонуншиканиҳои пайдарҳам роҳ дода истодааст.

1. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оид ба қатъи фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардидаанд, ки нусхаи аслии он ба Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд. Аъзоёни ҳизб бо хоҳиши худ аъзогии хешро дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ кардаанд.

Дар маҷмӯъ, ба вазорат 76 санаду протоколи сохторҳои ибтидоии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти онҳо дастрас гардидааст, ки дар ин бора тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ маълумоти муфассал интишор гардидааст.

Бо вуҷуди ин, Раёсати олии ҳизб ин санадҳоро бар хилофи банди 2.4 Оинномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бе баррасӣ мондааст.

Ба эътибор нагирифтани санадҳои мазкур ва аз ҷониби роҳбарияти ҳизб эҷод кардани монеа дар татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ифодаи иродаи сиёсии онҳо, ки собиқ аъзоёни ҳизб буданд, бар хилофи талаботҳои моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Амали мазкур, инчунин ба талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки тибқи он узвият дар ҳизб танҳо дар асоси майли ихтиёрии шаҳрванд сурат мегирад, низ зид мебошад.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дидаю дониста бе баррасӣ мондани қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аризаи аъзоёни ҳизб оид ба қатъ гардидани аъзогиашон дар ҳизб хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва Оинномаи ҳизб мебошад.

2. Ба масъалаи қатъи фаъолияти сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қонуншикании дигари ҳизб алоқамандии бевосита дорад.

Мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар ҷумҳурӣ танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд. Тибқи банди 1.1 Оинномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизб ҷумҳуриявӣ буда, он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Қонун талаботи дигареро низ муқаррар менамояд, ки тибқи он ҳизби сиёсӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ бояд дошта бошад.

Бо дарназардошти қарорҳои қайдгардидаи сохторҳои маҳаллии ҳизб оид ба қатъ намудани фаъолияташон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба талаботи моддаи 3 қонуни мазкур ҷавобгӯ нест.

Дар ин сурат даъвати анҷуман аз ҷониби Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ғайриқонунӣ мебошад, зеро аксарияти кулли сохторҳои ҳизб фаъолияти хешро қатъ гардониданд ва намояндагии аъзоёни ҳизб аз аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад.

Гузашта аз ин, қатъи фаъолияти сохторҳои маҳаллии ҳизб дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо баргузории конфронсҳои ҳизбро бо мақсади интихоби вакилон ба анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон истисно менамояд.

Дар чунин шароит баргузории анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мухолифи қонунҳои дар боло зикргардида ва Оинномаи ҳизб буда, оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор намеорад.

3. Санаи 26 августи соли ҷорӣ бо имзои муовини аввали ҳизб ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб оид ба иваз гардидани суроғаи ҳизб ворид шуд.

Бояд зикр намуд, ки мутобиқи қисми дуюми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва банди 10 Оиномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии ҳизб муқаррароти оинномавӣ мебошад. Мутаносибан барои тағйир додани муқаррароти оинномавӣ ба Оинномаи ҳизб бояд тағйирот ворид карда шавад.

Мутобиқи банди  4.5. Оинномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон салоҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҳизб ба ваколати анҷуман мансуб мебошад.

4. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба сифати ҳизби характери динидошта эътироф мегардад, лекин он ташкилоти динӣ набуда, ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надорад.

Вале ҳизб ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму оин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ гашта буд.

Бо вуҷуди ин, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолияти хешро дар ин самт идома дода истодааст. Ҳам дар нашрияҳои ҳизбӣ ва ҳам дар  чорабиниҳои хеш бевосита ба тарғибу таблиғоти динӣ машғул шуда, бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон дар баргузории маросимҳои динӣ, адои тоату ибодат, расму оинҳо, хондани намозро амалӣ намуда истодааст. Машғул шудан ба тарғиботи динӣ ва дар шакли дигар давом додани фаъолияти Академияи исломӣ, ки нисбат ба он вазорат эътино зоҳир намуда буд, аз ҷониби ҳизб идома дорад. Мисол, маводҳои чопӣ дар нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Наҷот» № 43 (813) аз 23 октябри соли 2014, № 51 (821)  аз 16 декабри соли 2014, № 14 (836) аз 2 апрели соли 2015, № 16 (838) аз 16 апрели  соли 2015 ва ғайра шаҳодати он мебошанд.

Мутоби қисми 9 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи таблиғотии оммавии диниро танҳо иттиҳодияҳои динӣ доранд.

Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мақсади асосии ҳизби сиёсӣ иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон мебошад.

Дар ин самт шабоҳати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ташкилоти динӣ ғайриқонунӣ мебошад, зеро мақсадҳои ташкилоти динӣ аз ҳизби сиёсӣ тафовут доранд. Аммо ҳизб бо ҳар роҳу усул дар фаъолияти хеш дар самти ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон аз дини ислом истифода намуда, шаҳрвандонро оид ба вазъи ҳуқуқии хеш ба гумроҳӣ мебарад.

Бо назардошти қайдҳои боло ва мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон    огоҳ карда мешавад:

1. Фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани талаботҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Оинномаи ҳизб  зоҳир мегардад, қатъ намояд.

2. Огоҳиномаи мазкурро дар муҳлати 10 (даҳ) рӯз баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ ахборот диҳед.

3. Дар сурати иҷро нагардидани талаботи огоҳиномаи мазкур нисбат ба ҳизб чораҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» андешида мешаванд.

РУСТАМ  ШОҲМУРОД, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 10-10-415 аз 28 августи соли 2015