2015 - Соли оила

Оила сарчашмаи фарҳанги аҳли ҷомеа аст

№92 (3393) 08.07.2015

«Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар, 6 марти соли 2015, шаҳри Душанбе)

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ нисбат ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва дину забони давлатӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Давлат ва Ҳукумати кишвар барои устуворгардонии оила тадбирҳои муассиру самарабахш меандешанд.

Ба хотири таъмини солимии ҷомеа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро бори дигар ба таълиму тарбияи насли наврас ҷалб намуд.

Президенти кишвар дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи Модар ба зарурати ин омил чунин ишора намуд: «Махсусан, бо сабаби беназоратӣ, дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан ва аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудан боис гардидааст, ки иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд.

Қисми дигари фарзандон бо ҳамин сабабҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ҳамроҳ шуда, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аллакай даҳҳо нафари онҳо дар хоки бегона ба ҳалокат расидаанд».

Аз ҷониби Президенти кишвар «Соли оила» эълон гардидани соли 2015 ва таъкидҳои Сарвари давлат оид ба таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби аҳли ҷомеа хеле хуб пазироӣ шуданд.

Омӯзиши мавзӯъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфтаҳои болоро собит намуд. Ҳангоми суҳбат бо иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муҳаррам Маҳмуродова маълум гардид, ки шуъбаи онҳо ҳам алоҳида ва ҳам якҷоя бо сохторҳои дигар, аз ҷумла бо бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва намояндагони мақомоти марбутаи ноҳия дар асоси нақшаи мушаххас пайваста бо аҳолӣ вохӯрию мулоқотҳо доир менамоянд.

Соли ҷорӣ онҳо байни аҳолии шаҳраку маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия 11 вохӯрии муштарак гузарониданд.

Ба ғайр аз ин, дар ҳашт бозори ҳудуди ноҳия бо соҳибони дӯкону мағозаҳо ва муштариён оид ба хариду фурӯши либосҳои ба фарҳанги мо бегона суҳбатҳо ва корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.

Зимни суҳбат мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Шарифамо Қурбонова иброз намуд, ки масъулияти кормандонашон дар «Соли оила» дучанд гаштааст.

- Ҳамарӯза ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон, — мегӯяд ӯ, — суҳбатро аз тарзи пӯшидани сару либос оғоз менамоем. Сипас, хешу табор будан ё набудани хонадоршавандагонро аниқ ва қабл аз бастани ақди никоҳ аз муоинаи тиббӣ гузаштанашонро ҳатман таъкид менамоем. Хушбахтона, аксарияти ҷавонон зарурати ин талаботро фаҳмида, дар амал иҷро намуда истодаанд.

Кормандони бахш байни аҳолӣ низ корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ мондаанд. Махсусан, доир ба омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила, бунёди оилаи солим ва таваллуду тарбияи фарзандони солиму солеҳ мунтазам суҳбату мулоқотҳо доир карда мешавад.

Шарифамо Қурбонова ҳамчунин ишора намуд, ки кормандонашон на танҳо бо ҷавондухтарон, балки бо ҷавонписарон ва волидайни ҷонибҳо, яъне бо насли калонсол низ суҳбатҳо доир менамоянд, зеро устувор нигоҳ доштани оила аз онҳо сахт вобастагӣ дорад.

- Айни замон бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Чунончӣ, давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 143 ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 60 ҳолат кам мебошад. Вале ин натиҷа ҳам моро қонеъ кунонида наметавонад. Дар оянда низ саъй хоҳем кард, ки ҳолатҳои ҷудошавӣ боз ҳам кам гарданд, — мегӯяд мудири бахши мазкур.

Дар ҳудуди ноҳияи Сино 68 шаҳраку маҳалла, панҷ муассисаи фарҳангӣ, шаш донишгоҳу донишкада, 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ду литсей, ҳафт гимназия, ҳашт масҷиди ҷомеъ, 11 масҷиди панҷвақта ва ғайра фаъолият мекунад, ки роҳбарону масъулин ва фаъолони онҳо, дар маҷмӯъ, неруи бузург маҳсуб меёбанд. Агар ин ниҳодҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дигар имконот ва саъю талошҳои худро баҳри тарбияи насли ҷавон равона созанд, ба натиҷаҳои қаноатбахш ноил хоҳанд шуд.

С. УМАРОВ, «Садои мардум»