2015-Соли оила

Оилаи солим шоҳсутуни давлатдорист

№110 (3411) 17.08.2015

Оила қисми асосии давлату давлатдорӣ буда, дар побарҷоии он нақши бағоят назаррас дорад. Оилаи солим метавонад ҳастии миллатро таъмин намуда, онро ҳамчун як миллати солиму устувор ва ояндадор рушд бахшад. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаро мебояд дар бунёди оилаи солим аҳамияти хоса зоҳир намоянд.

Имрӯз на ҳамаи онҳое, ки оила барпо мекунанд, ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ин омил боис гардидааст, ки сол аз сол шумораи оилаҳое, ки аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, афзоиш ёбад. Масъалаи мазкурро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) бори дигар зикр намуданд, ки дар соли гузашта 95500 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 9000-и он бекор гардидааст.

Ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавон чандин сабабҳо боис мегарданд. Яке аз сабабҳои асосие, ки боиси аз байн рафтани оилаҳои ҷавон  аст, тайёр набудани навхонадорон мебошад. Онҳо қудрати бардоштани одитарин мушкилоти зиндагиро надоранд ва байни онҳо нофаҳмӣ ба вуҷуд омада, оила пароканда мегардад.

Омили дигари ҷудо шудани оилаҳои ҷавон издивоҷи хешовандони наздик аст. Дар натиҷаи барпо кардани оила аз ҷониби чунин ашхос аксар вақт фарзандони носолим ба дунё меоянд.

Аз рӯи маълумотҳо ҳамасола дар мамлакат 2500-3000 кӯдаки маъюб таваллуд меёбад ва шумораи кӯдакони маъюб дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2015 ба 26043 нафар расидааст. Кормандони соҳаи тиб бар ин назаранд, ки 30-35 фоизи тавлиди кӯдакони маъюб ба никоҳи хешутаборӣ вобастагӣ дорад. Дар ин радиф, 65-70 фоизи нуқсонҳои модарзодии касалиҳои дилро низ кормандони соҳа ба никоҳи хешутаборӣ мансуб медонанд.

Ин ва дигар масъалаҳоро ба назар гирифта, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд, ки ин шаҳодат аз кӯшишу ғамхориҳои пайвастаи ин абармард ба оилаву оиладорӣ мебошад. Дар моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Дар Паёми имсолаашон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон як нуктаи бисёр арзишмандро зикр намуданд: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд». Пас аҳли ҷомеаро мебояд, ки бетафовутӣ ва бемасъулиятӣ нишон надода, барои солимии оила саҳм гузоранд.

САИДЗОДА Искандар Тӯйчӣ, судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ