Ҳоли табоҳи техникаҳои коммуналӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

№7 (4269) 19.01.2021

davТехникаҳои зангхӯрдаю корношоями партовкашӣ мушкилотест, ки чанд сол боз кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба ташвиш овардааст. Аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии роҳбарони собиқи корхона техникаҳо ба чунин ҳол расиданд.

dav Иттилоъ гирифтем, ки директори корхона Сангаҳмад Гадоев як сол мешавад фаъолият дорад. Нақлиёти мавҷуда аз соли 1976 дар хизматанд.

- Кори аз дастамонмеомадаро анҷом дода истодаем. Бо чунин техникаҳои фарсуда чӣ кор кунем? — суол гузошт ӯ.

- Аз ҳолати кунунии техникаҳои корхона бисёр касон огоҳ мебошанд. Соли 2020 ба директори генералии КВД фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода мактуб ирсол кардем. Ваъда доданд. Мутаассифона, бинобар сабаби паҳншавии бемории коронавируси СOVID -19 натавонистем, ки соҳиби техникаҳои замонавӣ шавем. Ҳоло дар корхона 51 корманд фаъолият доранд. Дар тавозун 7 техника мавҷуд мебошад, ки аз он шаштояш фаъол буда, 1 адад корношоям аст, — гуфт Сангаҳмад Гадоев.

Ҳангоми боздид маълум гардид, ки аз 7 техникаи манзури С. Гадоев 5 техника дар ҳолати корношоямӣ қарор дораду дар ҳар кунҷу канори корхона хобанд. Савол он аст, ки чаро номбурда дурӯғ гуфт?

Ӯ зикр кард, ки арзиши хизматрасонии корхона моҳе аз 3 то 10 сомонӣ муқаррар гардидааст. Бо ин маблағ пули барқ ва андози корхонаро пардохт намуда, бо харҷи боқимонда техникаҳои куҳнаро таъмир мекунанд.

- Соли 2020 аз хизматрасонии корхона 2251 нафар ва 152 ташкилоту муассисаи буҷетӣ истифода бурданд. Ният дорем, ки теъдоди муштариёнро зиёд намоем, вале техника надорем. Нақлиёт барои сари вақт кашондани партовҳо басанда нест, — гуфт ҳамсуҳбатам ва таъкид кард, ки корхона мошини хизматӣ низ надорад.

davАгар баъди нашри мақола директори генералии КВД фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин мушкил расидагӣ кунанд, нуран алонур мешуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»