Омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ

№19 - 20 (3449 - 3500) 13.02.2016

Дар ҷаласаи назди раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июни соли 2016 дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки бар асари зилзилаи шадиди рӯзи 7-уми декабри соли 2015 дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон баамаломада 132 манзили истиқоматӣ пурра ва  421 манзили истиқоматӣ қисман зарар диданд. Бо супориши Сардори давлат дар муддати кӯтоҳ сокинони хонаводаҳои зарардида, ки шумораашон зиёда аз 500 нафарро ташкил медиҳад, дар биноҳои мактаб — интернат ва муассисаҳои таълимии ноҳия ҷой дода шуданд. Зарардидагон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ангишт ва маҳсулоти ғизоӣ таъмин шуданд.

Аз заминларза ҳамчунин дар ноҳияи Шуғнон  шаш манзил пурра ва  53 манзил қисман, дар ноҳияи Ванҷ ду манзил пурра, 24 манзил қисман ва дар шаҳри Хоруғ як манзил пурра ва се манзил қисман зарар диданд.

Дар оғози соли 2016 бо супориши Президенти кишвар ба хонаводаҳои пурра зарардида ҳафт ҳазор сомонӣ ва хонаводаҳои қисман зарардида се ҳазор сомонӣ  кумакпулӣ дода шуд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар маркази диққати роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад ва тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои барқарорсозии ҳар як манзили зарардида аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш тонна семент, як тонна арматура, панҷ  метри кубӣ тахта, 125 метри мураббаъ тунука, дару тиреза  ва  масолеҳи дигари сохтмонӣ дода мешавад. Шахсони масъул  бояд дар расондани ин  кумакҳо ба зарардидагон саҳлангорӣ накарда, онҳоро сари вақт дастрас намоянд, то хонаводаҳои зарардида аз аввали баҳор ба барқарорсозии манзилҳои истиқоматиашон шурӯъ намоянд.

Дар ҷаласа  барқарорсозии иншооти маориф вазифаи аввалиндараҷа  арзёбӣ шуд. Барқарорсозии яке аз се муассисаи таълимии аз заминларза зарардидаро дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ диаспораи бадахшониён, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият мекунанд, ба уҳда гирифтанд. Ба Раёсати маориф ва Идораи сохтмони вилоят супориш дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат муассисаҳои таълимии зарардидаро таъмир намуда, барои таҳсил омода созанд.

Масъулини соҳаи тандурустии вилоят муваззаф шуданд, ки  барои ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ байни кӯдакону наврасон ташхис ва табобатро ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Дар  ҷаласа, ҳамчунин аз омодагӣ ба таҷлили 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт. Ба Раёсати ҳифзи муҳити зист ва масъулини идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки феҳристи иншооти ҷашниро муайян ва дар доираи эълони 180 рӯзи ободонӣ нақша — чорабиниҳои кабудизоркунӣ ва ободониро тартиб дода, иҷрои саривақтии онро таъмин намоянд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»