Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ

№53 (3847) 01.05.2018

Тибқи дастури Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон 27 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом баргузор мегардад. Ба ин муносибат дар шаҳр корҳои омодагӣ вусъати тоза пайдо карданд.

- Варзишгоҳи марказии шаҳр, ки ҷойи тантанаҳои асосӣ мебошад, пурра азнав­созӣ мешавад, — гуфт раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ. — Сохтмончиёни ҶДММ «Шарора»-и шаҳри Панҷакент айни ҳол дар он ба кор оғоз кардаанд. Бино ба гуфти муассиси ҷамъият Олимҷон Саидов, варзишгоҳ бояд барои 8 ҳазор ҷойи нишаст азнавсозӣ шавад. Бар илова, ният дорем, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-ро дар деҳоти ба номи Лоҳутӣ барои 660 хонанда, прокуратураи шаҳр ва майдони Шоҳ Исмоили Сомониро сохта, ба истифода диҳем.

Арзиши корҳои сохтмонӣ зиёда аз 10 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»