Ҷонибдории пешниҳоди нурсултон назарбоев доир ба манъи риш ва либоси сиёҳ

№47 (3684) 02.05.2017

3Дар Ҷумҳурии Қазоқистон маъракаи дастгирии пешниҳоди Президент Нурсултон Назарбоев доир ба манъи мондани риш ва пӯшидани шимҳои кӯтоҳ, инчунин либоси сиёҳи пӯшида оғоз гардид.

Аввалин шуда, ба пешниҳоди Нурсултон Назарбоев мақомоти давлатӣ ва вакилони парлумон вокуниш карданд. Эҳтимол пешниҳоди мазкур рӯзҳои наздик ба лоиҳаи қонун, ки аз ҷониби ҳар ду палатаи Парлумони Қазоқистон пас аз бозгашт аз рухсатии тобистона баррасӣ мегардад, ворид карда шавад. Ин фарзияро иҷрокунандаи раиси Кумитаи дини Парлумони Қазоқистон Бахитҷон Кулекеев низ тасдиқ кард. «Аён аст, ки ҳоло вобаста ба он чӣ ки Президент ба муфтии олӣ ва динӣ пешниҳод намуд, супоришҳои мушаххас меоянд. Мо ин масъаларо меомӯзем. Аввалан асоси қонунгузорӣ ва таҷрибаи байналмилалиро меомӯзем», — иқтибос меорад гуфтаҳои Кулекеевро Tengrinews.kz.

Ҳамчунин, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи дини Парлумони Қазоқистон ба рӯзноманигорон доир ба зарурати манъи намоишкорона мондани «риши салафигӣ» ва пӯшидани шимҳои кӯтоҳ изҳори андеша кард. Ба гуфтаи ӯ, ин тасвир дар ҷамъият ташвишовар аст, чунки «арзишҳои анъанавии мондагор ва ҷаҳонбинӣ»-ро аз байн мебарад. Бахитҷон Кулекеев мутмаин аст, ки на танҳо Қазоқистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилоти омехта кардани дин бо сиёсат, ки дар он хусусияти беруна аз ҳолати дохилии инсон боло гузошта мешавад, дар ташвиш аст. «Масалан, дар Аврупо пӯшидани фаранҷӣ ва ниқобро манъ мекунанд. Дар мо низ ин масъала ба миён меояд. Ҳамааш бояд ба манфиати аксарият ва аз рӯи анъана бошад», — афзуд Бахитҷон Кулекеев.

«Садои мардум»