Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯшон, ки чанде пеш бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед баргузор гардид, дар баробари дигар масъалаҳо ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғоз мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Қаҳрамон Оламҷонов оид ба рафти иҷрои қонуни мазкур ҳисобот дод.
Сипас, Шодихон Ҷамшед зикр кард, ки гарчанде барои иҷрои ин қонун дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот, ноҳияҳо ва вилоят сохторҳои махсус таъсис дода шуда бошанд ҳам, фаъолияти онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест. Масъулияти шахсоне, ки назорати танзими ҷашну маъракаҳо ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, нисбат ба дигарон бояд дучанд зиёд бошад. Онҳо бояд дониши хуби дунявӣ ва динӣ дошта бошанд. Далелҳо дар бораи он ки соҳибони тӯй хилофи қонун ба раққосону ҳофизон пул мечаспонанд, дар маъракаҳо сафи даъватиҳо аз меъёри муқарраргашта бештар аст, вақти барои баргузории чорабинӣ муайяншударо риоя намекунанд, хеле зиёданд, аммо вақте ба ҳисоботи мақомоти дахлдор назар меандозед, аз ин қонуншиканиҳо осоре нест. Ин нишонаи он аст, ки масъулин вазифаи хизматии худро дилсӯзона иҷро намекунанд ва аз камбудиҳо чашм мепӯшанд.
Зимни баррасии ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андоз раиси вилоят таваҷҷуҳи вакилон ва фаъолони ноҳияро ба самаранок истифода бурдани захираҳои дохилӣ ҷалб намуд. Зикр гардид, ки чун дигар ноҳияҳои вилоят дар Рӯшон низ масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Солҳои охир бо ташкили коргоҳҳои хурди хизматрасонӣ, саноатӣ ва истифодаи самарабахши заминҳои корам, бунёди боғоти нав ва иҷрои барномаҳои соҳавӣ бисёр сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кор гардиданд. Айни замон дар ноҳия сохтмони 20 иншоот дар назар дошта шудааст. Дар хотима роҳбарияти ноҳия ва идораҳои дахлдори вилоятӣ вазифадор гардиданд, ки ба корҳои сохтмонӣ дар навбати аввал ширкатҳои сохтмонӣ ва коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шаванд.
Ш. Шоҳқосим, «Садои мардум»