Шарҳи қонун

Оё шахс ғоибона маҳкум мешавад?

№109 (3589) 20.08.2016

DSC_1109Баъди ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо бе иштироки судшаванда парвандаи ҷиноятӣ ғоибона баррасӣ мешавад. Сабаби ин тағйиротро дар қонунгузории ҷорӣ раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад чунин шарҳ дод:

 - Мувофиқи қонунгузории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бе иштироки судшаванда баррасии парвандаи ҷиноятӣ ва таъин намудани ҷазо манъ буд. Принсипи мазкур дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 декабри соли 2009) нигоҳ дошта шудааст.

Маълум аст, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи қонунгузориву бехатарӣ ҷой дошт, сари вақт муайян намудани ҷинояткор, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, дастгир ва нисбати ӯ таъин кардани ҷазои ҷиноятӣ мушкилоте надошт. Вале баробари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи қонунгузорӣ низ аз байн рафт ва ин омил барои дар як давлати соҳибистиқлол содир кардани ҷиноят ва дар давлати дигари мустақил пинҳон шудани ҷинояткорон, пеш аз ҳама, онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд, мусоидат намуд.

Ҳамин тавр, муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ҷинояткорони махсусан хавфнок, роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили трансмиллӣ дар ҷумҳурӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бо расонидани зарари моддӣ ба маблағи махсусан калон ва ба шумораи зиёди одамон содир намоянд ва дар ҳудуди дигар давлатҳо пинҳон шаванд.  Парвандаҳои чунин шахсон солҳо беҳаракат мехобид. Агар нисбат ба онҳо кофтукови байналмилалӣ эълон шуда, ба мақомоти дахлдор дархост ирсол мешуд ҳам, аксаран бенатиҷа мемонд. Бо ин сабаб бисёр шаҳрвандон муддати тӯлонӣ зарари аз ҷиноят ба онҳо расонидашударо рӯёнида наметавонистанд. Яъне, муқаррароти зикргардидаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонист адолати иҷтимоӣ ва тантанаи қонунро таъмин намояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 23 июли соли 2016 №1333) бо мақсади аз байн бурдани чунин мушкилот таҳия ва қабул шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории мамлакат ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда уҳдадоранд чораҳои оперативию ҷустуҷӯйӣ ва тафтишотиро ҷиҳати муайян намудани ҷойи воқеияти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, дастгир намудан, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани онҳо андешанд. Ҳамзамон, сабабҳои объективие ҷой доранд, ки дастгир намудан ва ба Тоҷикистон овардани баъзе аз шахсони зикргардида ғайриимкон аст. Аз ҷумла, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда баъд аз содир кардани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин дар мамлакате пинҳон мешавад, ки Тоҷикистон бо он давлат шартномаи дутарафаи байнидавлатӣ дар бораи додани ҷинояткоронро ба имзо нарасонидааст. Инчунин, дар баъзе маврид давлате, ки дар он гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда пинҳон шудааст, бо баҳонаи гуногун аз додани онҳо ба Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Иловаи қисми 5 ба моддаи 239 ва тағйиру иловаҳо дар моддаи 241 таври истисно ба муфаттиш ҳуқуқ медиҳанд, аз рӯи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад, дар бораи анҷоми тафтишоти пешакӣ ҳимоятгари айбдоршавандаро огоҳ ва парвандаи ҷиноятиро барои шинос шудан ба ӯ пешниҳод намояд.

Дар ин маврид муҳлатеро, ки барои шинос шудани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ бо парванда зарур аст, маҳдуд намекунад. Агар айбдоршаванда ё ҳимоятгари ӯ муҳлати шиносшавиро бо парванда беасос кашол диҳанд, муфаттиш ва прокурор ҳуқуқ доранд, бо қарори асосноки худ муҳлати муайянро, ки барои шинос шудан бо парванда кифоя аст, муқаррар намоянд. Дар акси ҳол муҳлати шиносшавӣ анҷомёфта ҳисобида мешавад. Яъне, муфаттиш тафтишоти пешакиро хотимаёфта эълон мекунад ва парвандаи ҷиноятиро бо фикри айбдоркунӣ ба прокурор пешниҳод менамояд. Мутобиқи иловае, ки ба моддаи 248 ворид шудааст прокурор сабабҳои дар боло зикргардидаро ҳолати истисноӣ эътироф менамояд, бо парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад‚ фикри айбдоркуниро тасдиқ мекунад ва онро ба суд бо дархост оид ба гузаронидани мурофиаи судӣ дар ғайби судшаванда ирсол менамояд.

Мувофиқи таҳрири нави қисми 4 моддаи 280 суд чунин парвандаро бе иштироки судшаванда баррасӣ менамояд, ба шарте ки он шахс барои ҳамин ҷиноят дар ҳудуди давлати хориҷӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад.

Мувофиқи илова ба қисми 8 моддаи 50 Кодекси мазкур прокурор ё муфаттиш вазифадоранд, ки айбдоршаванда ё гумонбаршавандаро бо ҳимоятгар таъмин намоянд.

Ба ғайр аз ин, тағйиру иловаҳои воридшуда имконият медиҳанд, ки даъвои гражданӣ, пардохти зарари моддӣ ва ғайра вобаста ба кирдори ҷиноятӣ дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳаллу фасл карда шаванд.

Иловаи ба моддаи 280 воридшуда муқаррар мекунад, ки дар сурати аз байн рафтани ҳолатҳои истисноии дар боло зикргардида, яъне ба Тоҷикистон баргаштани маҳкумшуда ҳукм ё таъиноти судие, ки дар ғайби ӯ қабул гардидааст, бо дархости маҳкумшуда ё ҳимоятгари ӯ мумкин аст, ба тариқи пешбурд дар суди марҳилаи назоратӣ бекор карда шавад. Дар ин сурат муҳокимаи судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ бо иштироки бевоситаи судшаванда бо тартиби умумӣ мегузарад. Яъне, баррасии нави парванда шурӯъ мегардад.

Ҳамин тариқ, амалияи ғоибона нисбат ба чунин шахсон ва баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятии категорияи мазкур истифода мешавад.

 Таснифи Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»