Озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош!

№8 (4748) 15.01.2024

«Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил карда мешавад, рӯйдоди муҳим буда, кишварҳо ва созмонҳоро дар масъалаи таҳким бахшидан ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои асосии ҳар як шахс муттаҳид месозад».

Ин матлабро дар семинари илмӣ-амалӣ, ки дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор дар арафаи рӯзи қабул гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар баргузор гардид, модератори чорабинӣ — ходими пешбари илмии шуъбаи таърих ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Муҳаббат Сайидзода баён намуд.

Ӯ иброз дошт, ки бо гузашти солҳо баъд аз қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти нав дар соҳаи ҳуқуқи инсон рӯ ба рӯ мешавад. Аз ҷумла, терроризм, таҳдидҳои киберӣ, буҳрони муҳоҷират ва дигар омилҳо шароити мураккаберо ба вуҷуд меоранд, ки таваҷҷуҳи доимиро ба ҳифзи ҳуқуқҳои бунёдии инсон тақозо мекунанд.

- Дар кишвари мо ҳуқуқи инсон арзиши олӣ дошта, давлат ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат медиҳад. Зиёда аз ин, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, аксари санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, ба мисли Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ва дигарҳоро ба тасвиб расонидааст, — иброз намуд М. Сайидзода.

Маърӯзачиён таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, кишвари мо тайи солҳои истиқлолият тавонистааст, ки сулҳу ваҳдатро пойдор намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф, эҳтиром, ҳимоя ва ҳифз карда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалат пайдо намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз солҳои 90-уми асри ХХ масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро хеле муҳим ва муб­рам ҳисобида, 9-уми апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон»-ро содир карданд. Фармони мазкур бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабул гардида буд.

Дар заминаи ин фармони Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон то кунун мақомоти дахлдор дар ҷамоату шаҳракҳо ва коллективҳои меҳнатӣ тариқи гузарондани чорабиниҳо мардумро аз ҳуқуқҳои конститутсионияшон огаҳ месозанд, то ки онҳо дар мавридҳои зарурӣ тавонанд аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ намоянд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»