Озодии қонун ба сад мазмун аст…

№21 (3658) 25.02.2017

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки бевосита аз бурду бохти фаъолият ва зиндагии ҳаррӯза  сарчашма гирифта, мақсад аз он бознигарӣ ва хулосабарорӣ  аз роҳи тайкарда мебошад. Барои пеш рафтан ҳатман ба қафо нигаристан низ ба манфиати кор аст. Дарёфту ошкор ва баррасии камбудиҳо манфиатовартаранд, аз он ки бештар аз муваффақиятҳо сухан гӯем. Муваф­фақият муваффақият асту садди пешра­виҳо наме­гардад, аммо ислоҳи камбудиҳо дар пеш­бурди ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ эълон гардида, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст. Омили асосии суботу оромӣ, пешрафту гулгулшукуфии ҷомеа ҳам сатҳи ҳар чӣ хубтари ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.

Хушбахтона, бо вуҷуди ҷой доштани камбудиҳои муайян, дар маҷмӯъ, ин ҳолат хушҳолкунанда мебошад. Барои пиёдасозии ормонҳо, риоя ва таъмини арзиши конститутсионӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, тавре ки аз Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, аз тарафи роҳбарияти мамлакат ва Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқии кишвар фароҳам овардаю санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкорӣ равона шудаанд. Муҳимтар аз ин, ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода шудааст, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Тибқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар самти таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ корҳои муайян амалӣ гардиданд. Ихтисори Шӯрои адлия  ва масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардидан ҳам иқдоми хубест дар роҳи ислоҳот.

Инчунин, дуруст меҳисобам, ки таҳкими арзишҳои ҳуқуқӣ, риояи адолати иҷтимоӣ, умуман, ҳар он чизе, ки бо қонунгузорию ҳуқуқи инсон, шаҳрванд, манфиати халқу давлат алоқаманд мебошад, иҷро ва татбиқи софдилонаи онҳо дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидӣ мебозанд. Дар сурати аз худ масъулияти баланди ватандорӣ ва касбӣ зоҳир намудани шахсони дар вазифаҳои муҳими давлатӣ қарордошта масъалаҳои баҳснок дар муддати кӯтоҳ аз байн мераванд.  Зеро ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки ноҷӯриҳо аз паст будани маърифат ва дониши пасти ҳуқуқии хидматгузорони қонун, яъне ҳуқуқдонҳо рух медиҳанд, нигоҳ карда ба он ки дар муқоиса ба солҳои пеш теъдоди ҳуқуқшиносон дар ҷумҳурӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Соҳае нест, ки дар ҷомеа дуюмдараҷаю сеюмдараҷа маҳсуб ёбад. Ҳар кадоме аз онҳо дар мавриди худ муҳиму аввалиндараҷаанд. Бо ҳамин маънӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои ҳуқуқии дар Паём омада, пеш аз ҳама, аз дараҷаи тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир дар риштаи ҳуқуқ вобастагии калон дорад. Бинобар ин, дар Паём хеле бамавқеъ таъкид гардидааст, ки «роҳбарони мақомоти мазкур вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргардида омӯзанд ва ба вазифаи масъулиятноки судя ҳуқуқшиносонеро пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд». Чунки ҷой доштани арзу шикоятҳои зиёд аз болои ҳалномаҳои судии бахусус, зинаҳои поёнӣ имрӯзҳо ба касе пинҳон буда наметавонад, ҳол он ки  дар таъмини адолати судӣ иҷрои қарорҳои судӣ нақши муҳим доранд.

Идораҳои нотариалии давлатӣ ҳам аз бахшҳои муҳим дар соҳаи ҳуқуқ ба шумор рафта, аз фаъолияти хуби онҳо татбиқи ҳамаҷонибаи қонунҳо вобастагии калон дорад. Мутаассифона, баъзан дар фаъолият ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳанд, ки боз ҳам аз натиҷаи манфиатҷӯии шахсӣ ва сатҳи пасти дониши ҳуқуқии корманди соҳа дарак медиҳад.Чунин саҳлангориҳо ба зиёд шудани арзу шикоят, норозигии мардум боис гардида, ба эътимоду боварии онҳо дар нисбати қонун латма мезанад, ҳарчанд, дар муҳлату фурсатҳои муайян он қонуншиканиҳо аз худ дарак медиҳанд ва хоҳ – нохоҳ ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Чун сухан оид ба иҷрои ҳатмӣ ва софдилонаи қонунҳо рафт, кормандони соҳаи ҳуқуқ бояд дар назар дошта бошанд, ки ҷавобгарӣ дар мавриди  иҷрои қонунҳо аз тарафи онҳо дар муқоиса бо шаҳрвандони одӣ бамаротиб бештар аст.  Ҳуқуқ ҳам аз арзишҳои муқаддаси инсонӣ ба шумор рафта, эҳтиром ва муносибати ҷиддиро талаб менамояд. Дар таҳкими давлатдорӣ, рафъу ислоҳи камбудию нуқсонҳои ҷомеа, рушди иқтисодиёти кишвар, таъмини зиндагии сазовори аъзои ҷомеа ҳиссагузор аст.

Бо ин маънӣ ҳақ бар ҷониби шоир аст, ки гуфта:

Озодии қонун ба сад мазмун аст,

Озод касе, ки бандаи қонун аст.

Ибодулло МАҲМАДУЛЛОЕВ,

нотариуси Идораи нотариалии

давлатии ноҳияи Фархор