Нашъа - вабои аср

Падари ҷинояткор, ҳуҷраи пурасрор, тифлони хору зор

№109 (3255) 20.09.2014

Шаҳло барои духтарчаи сесолааш, ки аз субҳ инҷониб чизе ба даҳон набурдааст, шир пухтанӣ шуд. Шавҳараш имрӯз барвақттар ба хона омада, саросема дар даромадгоҳ чизеро пинҳон карду ба меҳмонхона гузашта, рӯйи кӯрпача дароз кашид. Ӯ ба як нуқтаи ноаён чашм дӯхта, ба андеша фурӯ рафт. Ҳатто инҷиқиҳои духтарчааш, ки аз ғояти гуруснагӣ ҳар чиро баҳона пеш оварда гиря мекард, барои ӯ беаҳамият буданд.

Шокир ним сол мешавад, ки рӯҳану ҷисман тағйир ёфтааст. Қариб ҳар бегоҳ аз берун ланҷу хотирпарешон ба хона медарояд. Иштиҳои хӯрокхӯрӣ надорад. Чашмонаш сурху беҷо, дар ҳаракатҳояш як навъ оромии ғайритабиӣ ба мушоҳида мерасанд. Вақтҳои охир хеле камгап шудааст. Аз баданаш як навъ бӯйи бад меояд ва ин беш аз ҳама модари хонадонро нигарон мекард. Охир, пештар ин хел набуд. Аз ӯ бадгумон шуд. Аз ин хотир дар набудани шавҳараш хонаро чандин бор тагурӯ намуд, вале чизи ғайриодие пайдо карда натавонист.

Ҳамин вақт шири болои плитаи электрикӣ мондааш дамида аз зарфи болопӯш поён шорид. Хонаро бӯи сӯхтаи он фаро гирифт, Шаҳло сарпӯши зарфро бардошта, ба духтарчааш, ки ҳанӯз ҳам ғаш мекард, муроҷиат намуд.

-Ҳозир, Анисаҷон, каме сабр кун, шир хунук шавад, якҷоя ноништа мекунем, — гуфт.

Ҳамин вақт занги дар баланд шуд. Дарро шавҳараш кушод. Ба хона чанд тан шахсони ношинос, ки худро кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд ва ду нафар ҳамсояҳо даромаданд. Бо нишон додани ҳуҷҷате кофтукови хона шурӯъ шуд.

Баъди кофтукови тӯлонӣ аз рафи пойафзолмонии даромадгоҳ як миқдор хокаи сафеди зардчатоб аз дохили қуттии «Нескафе» ва як баста калидҳои гуногун пайдо карданд. Аз гуфтугӯйи онҳо ба хулосае омад, ки боқимондаи маводи мухаддирро ҷустуҷӯ доранд. Кофтукови дуюмбораи хона Шаҳлоро ба танг оварду ӯ беихтиёр дод зад:

- Нест!.. Нест! Он чиро, ки мекобед, дар хона нест, -гиря гулӯгираш мекард.

-Пас дар куҷост?- пусиданд кормандони Агентӣ.

-Намедонам.  Ӯ ҳар дафъа аз берун масту мадҳуш меояд, — гӯён Шаҳло духтарчаи худро, ки аз ҳузури ин қадар одамони ношинос тарсону гирён шуда буд, ба оғӯш гирифт. Ашк гулӯгираш карда буд.

-Баред ӯро, баред! Дигар тоқати бо ин гуна мард зиндагӣ кардан надорам. Ҳама ашёи хонаро фурӯхт. Вақтҳои охир ҳис мекардам, ки чизеро аз ман пинҳон мекунад ва метарсидам, ки ягон нохушие ба сарамон меорад. Ана, оқибат омад ба сарам аз он чӣ метарсидам…- мегуфт Шаҳлои бадбахт.

Кормандони Агентӣ калидҳои ёфташударо як ба як дар ҳама қулфҳои дари хонаҳо санҷида диданд. Азбаски ду калид ба қулфе рост наомад, лозим донистанд, ки онҳоро дар дигар ҷой санҷанд. Бо ин мақсад ба таҳхона фаромаданд. Яке аз калидҳо ба қулфи дари умумии панҷарадори таҳхона рост омад. Бо калиди дигар дари яке аз ҳуҷраҳои таҳхона кушода шуд. Ба ҳуҷра аввал саги хизматиро сар доданд. Саг ҳуҷраро давр зада, ба қуттии картонӣ наздик шуда, онро бо пойҳояш харошид. Қуттиро аз назар гузарониданд. Аз дохили он қуттии оҳанине пайдо шуд. Дар сандуқчаи оҳанин ду бастаи селофании пур аз героин ҷойгир будааст. Кормандони Агентӣ маводи мухаддирро мусодира намуда, Шокирро ба ҳабс кашиданд.

Ҳангоми хайрухуш Шокир аз ҳамсараш курткаашро талаб кард. Нигоҳҳо ба ҳам бархӯрданд. Нигоҳи яке маҳзуну дигаре илтиҷоомез. Ашк дар чашмони ҳар ду ҳалқа зад. Онҳо акнун дарк карданд, ки лаҳзаи ҷудоӣ фаро расидааст.

Кӣ медонад ин ҷудоӣ чанд сол давом мекунад? Ҳоли чор нафар фарзандони ноболиғ чӣ мешавад?

Шуъбаи тафтишотии Агентӣ аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, муайян намуд, ки Шокир Раҳимов зиёда аз як килограмм маводи сахттаъсири героинро аз як нафар афғон харидорӣ карда, бо мақсади фурӯши ғайриқонунӣ онро дар таҳхона нигоҳ медоштааст.

Шокир чандин доғи судӣ дошт. Аз ҳукмҳои пештара ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, даст ба ҷинояти боз ҳам вазнинтар зад. Дар рафти тафтишоти пешакӣ ӯ худро сафед карда, мегуфт, ки ҷойи кор ва маоши муносибе надошт, ки талаботи оилаи худро таъмин намояд. Наход барои як марди ҷавону солим ҳамин баҳона бошад? Ин дафъа, суд ҳамаи ҳолатҳоро ба инобат гирифта, ба Шокир Раҳимов ҷазои муносиб хоҳад дод.

Аъзам МӮСОЕВ,  «Садои мардум»