Дар партави суханрониҳои Президенти мамлакат

Падидаи номатлубе, ки аз заифиродагӣ ва хурофотпарастии мардон маншаъ гирифтааст

№48 (3349) 02.04.2015

боиси нигаронӣ аст, ки як идда мардон «тавсия»-ҳои баъзе «нимчамулло»-ҳоро филфавр амалӣ намуда, нуктаҳои ба ҳуқуқҳои занон дар Ислом рабтдоштаро «нодида» мегиранд

«Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест».

Аз суханрониии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар, 6 марти соли 2015

занако

Дар оғози матлаби мазкур, агар гӯям, ки бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати занон дар ҷомеа ба ҳадде, ки барои ҷомеаи шарқӣ тасаввурнопазир аст, расидааст, муболиға нахоҳад буд. Агар ба гузаштаи на чандон дур назар андозем, муътақид хоҳем шуд, ки ҳатто дар замони давлати абарқудрати шӯравӣ, ки баъзе «бузургон»-и «аз ҳама кас ва аз ҳама чиз норозӣ» ба ёди он айём «оби даҳонашон мешорад», зани тоҷик чунин мақому мартаба надошт. Далел: он замон дар  қисмати аъзами вазифаҳои баланди давлатӣ намояндагони миллати ғайр фаъолият мекарданд ва расидан ба чунин маснадҳо барои зани тоҷик шабеҳи афсона буд. Аз ин нуктаи назар, эътироф бояд кард, ки соҳибистиқлол гардидани кишварамон баҳри таъмини мавқеи арзанда ва устувори зан – модар шароиту имконоти заруриро муҳайё намуда, таври бесобиқа зани тоҷикро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Тавре дар суханронии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар зикр шуд: «…имрӯз дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон фаъолият карда, 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Аз шаш ҳазор нафар духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм кардаанд, беш аз панҷ ҳазор нафарашон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва 125 нафари онҳо дар мансабҳои роҳбарӣ ба нафъи давлату ҷамъият бо азму талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд».

Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ ҷамоҳири шӯравӣ ягона мамлакатест, ки Сарвараш Фармонро «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расонидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишвар теъдоди бонувони соҳибкор ҳамагӣ 64 нафарро ташкил медод. Айни замон ин шумора ба 126000 ҳазор нафар расида, танҳо соли гузашта аз ҷониби низоми бонкии мамлакат ба ин қабил занон қариб дуюним миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Масъалае, ки тасмим гирифтам дар маводи мазкур мавзӯи меҳварӣ бошад, ҳисси бегонапарастӣ  ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос дар байни занону духтарон маҳсуб меёбад. Шояд барои «баъзе»- ҳо ин масъала на чандон муҳим  ба назар расад, вале пайгирӣ ва омӯзиши масъалаи фавқуззикр собит намуд, ки муносибати сатҳӣ ва созиш намудан ба ин раванд пайомадҳои ногуворро ба дунбол хоҳад дошт. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи Модар зикр намуд, ки «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад». Ба андешаи инҷониб, дар баробари омилҳои дигар, аз қабили тақлид ба тарзи либоспӯшии ба анъанаҳои мо носозгор, таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ва ғайра рӯ ба чунин тарзи либоспӯшӣ овардани як идда бонувони тоҷик ба заифиродагӣ ва хурофотпарастии мардон рабт дорад ва бевосита аз он маншаъ гирифтаву густариш ёфта истодааст. Барои муътақид гардидан ба ин андеша «Амрикои нав кушодан лозим нест».

Аввалан, мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари ашхоси хурофотпарст ва ба андешаҳои бепояи мазҳабӣ пойбанд, кӯшиш менамоянд, ки бонувони хонаводаашон ҳамрадиф баробари аз таҳсил дар канор мондан, зери ба истилоҳ ҳиҷоб бошанд. Чаро чунин аст? Ин ҷо нақши муҳимро таҳмили андеша аз ҷониби  ба ном «мулло» — ҳое, ки  барояшон  чунин ашхос шабеҳи манқуртанд, мебозад. Зиёд шунидаем, ки чунин «мулло»-ҳо ва думравонашон таври густурда таблиғи зери ҳиҷобу сатр, хоса сатру ҳиҷоби сиёҳ қарор додани занонро менамоянду теъдоди онҳое, ки ин «тавсия»-ҳоро филфавр амалӣ менамоянд, кам нестанд. Яъне, барои як идда «таҳамтанон»-и мо ибораи «мулло фалонӣ  гуфтанд», ҳукмеро шабеҳ аст, ки амалӣ намуданаш заруру ногузир маҳсуб меёбад. «Самара»-и чунин тарзи кор аст, ки аз як миллиарду чорсад миллион мусулмони олам 800 миллион нафарашон комилан бесаводанд. Чаро чунин нафарон боре намеандешанд, ки магар дар Исломи ноб танҳо зери ҳиҷоб қарор додани занон матраҳ шудааст? Магар дар таълимоти ин дини пок занон ғайр аз мавриди маҳдудиятҳои гуногун қарор гирифтан дигар ҳуқуқ надоранд? Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ чунин набуду нест. Банда ҳарчанд коршинос ва мутахассиси соҳа нестам, вале хуб медонам, ки мартабаи зан-модар дар дини мубини Ислом хеле баланд аст. Ҳуқуқи зан дар Ислом то ҳадде боло аст, ки агар баъд аз таваллуди фарзанд зан ба хотири нигоҳдошти зебоии ҷисмаш аз шир додан ба тифл худдорӣ намояд, мард вазифадор аст, ки барои анҷоми ин амал доя киро намояд. Чаро баъзе «нимчамулло» — ҳои мо аз шарҳу таблиғи ин нуктаҳо худдорӣ мекунанд?

Сониян, қисмати зиёди онҳое, ки пӯшидани чунин тарзи либосро ихтиёр намудаанд, таърих ва моҳияти онро намедонанд ва то ҳадде пойбанди хурофот шудаанд, ки донистан намехоҳанд. Ин омил низ ба заифиродагии як идда мардон рабт дорад, зеро марди оқил, қавиирода ва огоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ  ба зан ҷабр намекунад. Чун баъзе мардони мо дар зиндагӣ аз ин хислатҳо батамом бенасибанд, кӯшиш менамоянд то аҳли хонаводаашон дар «муҳосира»-и равонӣ қарор дошта бошанд. Ботини чунин нафарон то андозае бад аст, ки дар симои ҳар бонуи тарзи замонавӣ либос мепӯшида зани сабукпоро мебинанд. Чунин ашхос зимни таҳмили андешаҳояшон ба пайвандони худ фарҳанги ниёгонро мисол меоранд, ки билкул нодуруст аст. Беҳтарин посухро ба чунин кӯрдилон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронии худ бахшида ба Рӯзи Модар дар таърихи шашуми марти соли равон дод. Роҳбари хирадсолори кишвар  дар раванди таҳлили амиқу доманадори масъалаи мавриди назар  минҷумла таъкид намуд, ки «мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест». Мутаассифона, бонувони ба ин раванд майлнамуда кӯшиш менамоянд, ки дар такя ба ном таълимоти исломӣ, ки барояшон аз ҷониби «нимчамулло» -ҳо  омода ва ироа шудааст, бонувони дигарро ба чунин тарзи либоспӯшӣ ҷалб намоянд.

Ахиран, мушоҳидаҳо далели возеҳи онанд, ки баъзе ҳамсар, духтар ва пайвандони шахсони мансабдор низ ба чунин тарзи либоспӯшӣ бетафовут нестанд. Каме мушоҳидакорӣ лозим аст, он гоҳ дар ҷодаҳои пойтахт дучор шудан бо чунин бонувон, ки сари чамбараки худравҳои гаронарзиш аз сатру айнакҳои сиёҳашон ифтихор доранд, амри муқаррарист. Биноан, мардони моро лозим аст, ки ҳифзу арҷгузори оиларо ҳамчун падидаи муҳимтарини иҷтимоӣ дар мадди назар қарор дода, бо қавииродагӣ, ҳамқадами замон будан, арҷ гузоштан ба ҳуқуқҳои  модар, ҳамсар  ва хоҳару дигар пайвандони худ симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд бегазанд нигоҳ доранд.

Зимни суханронии фавқуззикр Роҳбари мамлакат минҷумла чунин дастур дода буд: «Бо дарназардошти мафкура ва дастовардҳои замони нав ва дар асоси хусусиятҳои оиладории миллии тоҷикон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳи корӣ таъсис дода, баъди омода гардидан ба ҳукумат пешниҳод карда шавад». Итминонам комил аст, ки ин ва дигар ибтикороти амалимешуда барои рафъи бетаъхири ин падидаи номатлуб ва хатарзо мусоидат менамояд. Табиист, ки дар ин ҷода ҳамовозии шаҳрвандон амри муҳиму саривақтӣ маҳсуб ёфта, ба ин васила рӯйи кор омадани боз як ҷараёни нави ифротӣ пешгирӣ мегардад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»