Пайравони иқдоми хайр

№88 (4194) 21.07.2020

Сокини деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич Мирзоҳаким Камолов ва фарзандонаш бо мақсади татбиқи даъвати ватандӯстонаи Пешвои миллат оид ба корҳои хайру савоб тасмим гирифтанд, ки дар деҳа бинои нави дуошёнаи таваллудхонаро иборат аз 10 кат бо арзиши аслии 1 млн. сомонӣ бунёд намоянд. Ба қавли масъулони шуъбаи меъмории ноҳия, айни ҳол дар он ҷо 55 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

- Деҳа аз маркази ноҳия 60 км дур ҷойгир аст, — мегӯяд муовини сардухтури КАТС-и ноҳия Гулрӯ Баротова, — маҳз ин дурӣ муҷиби таваллуди хонагӣ дар деҳа мегардад. Хусусан, дар фасли сармо ин гуна ҳолатҳо бисёр рух медиҳанд. Аз ин рӯ, деҳа кайҳост, ки ба таваллудхонаи замонавӣ эҳтиёҷ дошт. Биноан, иқдоми амаки Мирзоҳаким ва фарзандонаш савоб буда, кори мо табибонро осон мекунад.

Масъулини соҳаи тандурустии ноҳия аллакай дар андешаи таъмини таваллудхонаи нав бо кадрҳои маҳаллӣ мебошанд. Бино ба гуфти Гулрӯ Баротова, ду мутахассиси ҷавон аз деҳа — Ҳокима Ҳусейнова ва Саломат Холматова дар Маркази солимии репродуктивии ноҳия аз курси такмили ихтисос гузаштаанд.

Тибқи нақша ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ноҳияи Деваштич 309 иншооти таъиноти гуногун сохта ё навсозӣ мешаванд. То ба ҳол 200 ададаш мавриди истифода қарор гирифтааст.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»