Панҷакент: ҷавонон ба хизмат сафарбар шуданд

№ 03.10.2023

Фароҳам овардани фазои осудаю обод  ва таъмини  амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳо на танҳо дар назди давлат, балки дар назди ҳар як фарди ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Дуюми октябри соли ҷорӣ гурӯҳи якуми ҷавонони бонангу номуси шаҳри Панҷакент, ки ба синни даъват расиданд  ихтиёран  азми хизмати Ватан — модар намуданд.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комисари Комиссариати ҳарбии шаҳр, собиқадорони меҳнат ва падару модарони даъватшавандагон ширкат варзиданд.  Дар маҷмӯъ, зиёда аз 186 нафар ҷавонони шаҳру деҳаҳои шаҳри Панҷакент ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, барои ҳифзи Ватан — модар, камари ҳиммат бастанд.

Дар охир, барномаи фарҳангии ҷолибу хотирмон пешкаши иштирокчиён гардида, табъи онҳоро хушу болида гардонид.
 Комрони Аслон,

 »Садои мардум»