Паради ҳарбӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ

№ 08.09.2023

ПАРАД МИРЗО 120923Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон​  субҳи 8 — уми сентябри соли равон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд  паради ҳарбӣ гузаронида шуд.

Қаблан хизматчиёни ҳарбӣ​ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз назди иштирокчиён гузарониданд.

Фармондеҳи паради ҳарбӣ генерал-майор Ҷамшед​ Мамадзода  ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба гузашти низомӣ гузориш дод.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ дар маърӯзаи идонаи худ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кулли сокинони вилоятро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, аз ҷумла чунин зикр дошт:

 - Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, раванди таъсис ва ташаккули он ба марҳилаи ниҳоят мураккаби ибтидои давлатдории миллиамон рост меояд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар он солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандориро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва пешгирӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандиашонро ба таври шоиста адо кардаанд…

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки​ «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодираст, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намояд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад».

Дар идома ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, захираҳои сафарбарӣ, афсарону сарбозони гарнизони ҳарбии Суғд аз майдон гузаштанд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»

 Суратгир Облоқул Мӯсоев