Ҷашнвора

«Паёми Спитамен» 85-сола шуд

№9 (3489) 21.01.2016

Чанде қабл аҳли зиёи ноҳияи Спитамен 85-солагии таъсисёбии яке аз куҳантарин рӯзномаҳои кишвар – «Паёми Спитамен» -ро таҷлил карданд. Ба ин муносибат дар толори Театри давлатии мусиқию мазҳакаи ба номи Шукур Бурҳонови ноҳия маросими ботантана доир гардид.

Раиси ноҳия Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни сухани ифтитоҳии худ дар бораи 85 соли фаъолияти ин рӯзнома маълумот дода, зикр кард, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ номидаанд. Муовини раиси бахши Суғдии Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон Карими Шариф ҳайати эҷодии рӯзнома ва аҳли зиёи ноҳияро шодбод гуфт. Раиси ноҳия Хоҷазода О.А.  ба сармуҳаррири «Паёми Спитамен» Фирӯз Боқӣ туҳфаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен — автомашинаи сабукрави хизматиро супорид. Ба як гурӯҳ собиқадорон, аз ҷумла Дилбар Аҳмадалиева, Зулайхобону Ғоибназарова, Ато Боқӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маводи бойгонӣ шаҳодат медиҳанд, ки  нахустин шумораи ҳафтаномаи ноҳиявии Спитамен бо номи «Қизил Нишон» чоп шуда, муҳаррири он Абдусамад Исҳоқов ном қаламкаш будааст. Ҳафтанома он вақтҳо дар шакли варақа чоп шуда, бо сабаби набудани дастгоҳи чопкунӣ онро дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) чоп карда, сипас ба Нов (собиқ ноҳияи Спитамен) меоварданд.

Бо қарори бюрои ҳизбии ноҳия 15 марти соли 1935 номи ҳафтанома тағйир ёфта, ба «Сталин байроғи» мубаддал шуд. Соли 1960 бошад, ҳафтанома «Коммунизм сари» номгузорӣ гардид. Аз 24 сентябри соли 1991 бо номи «Халқ сӯзи» ва аз моҳи январи соли 2012 дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо номи «Паёми Спитамен» чоп мешавад.

- Аз моҳи августи соли 1978 инҷониб ду саҳифаи ҳафтанома бо забони тоҷикӣ ба табъ расида, нашрия бо ду забон ба чоп мерасад. Дар саҳифаҳои тоҷикӣ саҳми рӯзноманигори чирадаст, шодравон Ҳасани Порсо калон буда, номбурда бо мақолаю матолиби худ дар байни хонандагон обрӯю эътибори хоса пайдо карда буд. Дар чопи ин саҳифаҳо ҳамчунин хизмати рӯзноманигорон Ато Боқӣ, Обиди Мансур хеле назаррас аст, — мегӯяд муҳаррири рӯзнома Фирӯз Боқӣ.

Сарвари имрӯзаи ҳафтанома Фирӯз Боқӣ наздик ба се сол аст, ки ин вазифаи мушкил, вале бошарафро ба уҳда дорад. Ҳафтанома ҳафтае як маротиба муттасил бо сифати хубу муҳтавои ҷолиб ба табъ мерасад. Теъдоди муштариёни ҳафтанома ва адади нашри он низ хеле афзоиш ёфтааст.

Ҳафтанома имрӯз на фақат тарғибгари ғояҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва раҳнамою тарбиятгари мардум аст, балки  мактаби истеъдодҳои ҷавон низ мебошад. Имрӯз собиқадорони меҳнат  Дилмурод Хоҷимуродов, Зулайхобону Ғоибназарова, Ато Боқӣ, Раҳматҷон Шоимқулов, Замира Ашӯрова, Фирӯз Боқӣ дар тарбия ва ба ҷодаи эҷод раҳнамун сохтани даҳҳо қаламкашони ҷавон саҳм мегиранд. Мухбирони ҷамоатии фаъол, аз қабили Ғайбулло Раҳимбоев, Фароғат Ҳоҷимуродова, Ғафурҷон Қурбонов ва бисёр дигарон бо ҳафтанома робитаи доимӣ доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Нури маърифате, ки аз равзанаи матбуот  зиёиёни миллат рӯшан карда буданд, то ба имрӯз дилу дидаи ҳазоронро мунаввар месозад». Биноан, кормандони ҳафтанома тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, ки ин рисолати хешро сарбаландона иҷро намоянд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум», Пирмуҳаммад Пиров, Аълочии матбуоти тоҷик