Ба истиқболи 21- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешбарандаи ғояҳои миллӣ ва амаликунандаи ормонҳои мардум

№149-150 (3450-3451) 05.11.2015

Қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, самараи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бисту як соли мавриди амал қарор доштани ин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки бо гузашти солҳо аҳамияти ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсоз бештар дарк ва қадр гардида истодааст. Конститутсияро метавон меваи Истиқлолияти давлатӣ  арзёбӣ намуд, зеро соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро рӯи кор оварда, барои ислоҳоти  кулли соҳаҳо заминаи устувор  гузошт.  Маҳз соҳибихтиёрӣ андешаи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва ғайраро ба вуҷуд овард.

Гузашти вақт собит намуд, ки бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор кардани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пешравии ҷомеа   ғайриимкон буд. Нуктаи муҳими дигар он аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  пеш аз қабул шуданаш бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон такмил ёфт. Ба шарофати қабули ин ҳуҷҷати муҳим ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри миллӣ ва низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо  имконпазир гардида, рӯз то рӯз тавсеа ёфта истодааст. Аз мазмун ва моҳияти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон дар он масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб меёбанд. Дар баробари ин, маҳз дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани тағйирнопазир будани тамомияти арзӣ ҳамчун муҳимтарин принсипи ташаккули давлати миллӣ барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комил замина гузошт. Ҳамрадиф бо омилҳои зикршуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуда, ки мавҷудияти ин меъёр баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад. Ба сифати  корманди мақомоти прокуратура муътақидам, ки шарти муҳими ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, устувор гардонидани низоми қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз замони қабули Конститутсия то ин дам дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои зиёдеро анҷом дода, ба таъмини суботу оромӣ ва муътадил гардонидани вазъи ҷинояткорӣ дар мамлакат муваффақ шудаанд.

Эътироф бояд намоем, ки маҳз бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои конститутсионӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта кишвар ба гирдоби нобасомониҳо кашида, ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ расонида буд. Ҳоло ҳам бадхоҳони миллати тоҷик тавассути ба роҳ андохтани низои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ мехоҳанд миллати тоҷикро ба гирдоби мухолифати сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона кашида, мардумро қурбони манфиатҳои ғаразноки худ гардонанд. Далели возеҳи ин гуфта воқеаҳои рӯзҳои 4-16 сентябри соли ҷорӣ мебошад, ки як гурӯҳ ватанфурӯшон чунин тасмимро гирифта буданд. Дар чунин шароит, пеш аз ҳама, иродаи матин, ақлу заковати мардуми тоҷик ва риояи  қатъии меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки бадхоҳону носипосон ин навбат низ ба мақсади касифашон нарасанд, зеро имрӯз мардуми фарҳангсолори мо ба қадру қимати сулҳу суботи комил ҳамчун арзишҳои муқаддастарин мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи ҷомеаи мо гашта, ваҳдати миллиамонро халалдор созанд.

Бо дарназардошти нукоти зикргардида метавон гуфт, ки вазифаи муҳими Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа, яъне таъмини истиқлолият, амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ буда, қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои мардум, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон аст.

АРБОБЗОДА Муҳаммад Хуҷа, прокурори ноҳияи Айнӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1