Пешгирии падидаҳои номатлуб фаъолияти муташаккилонаро тақозо дорад

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Исфара мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмон Юсуф Аҳмадзода бо фаъолони шаҳру  навоҳии Исфара, Конибодом ва Ашти вилояти Суғд баргузор гардид. Пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву тундгаро, сабаб ва авомили пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» ва роҳҳои қависозии қурби асъори миллӣ аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқот буданд.

Бино ба гуфти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон тахминан 300 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» гардидаанд, ки аксари онҳо ҷавонони аз 18 то 35 — солаанд, ки бинобар сатҳи пасти маърифати диниву дунявӣ ба доми тазвири чунин гурӯҳҳо афтодаанд. Аз ин шумор 99 нафар аз вилояти Суғд буда, 40 нафарашон сокинони шаҳру деҳоти Исфара мебошанд. Бо нигаронӣ таъкид гардид, ки то ба имрӯз 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳалок гардида, зану фарзандони онҳо дар ҳолати сангини ғуломӣ дар ин кишварҳои арабӣ қарор доранд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода бо ишора ба фаъолшавии шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет таъкид дошт, ки алҳол дар шабакаи ҷаҳонии интернет беш аз 7000 адад сомонаҳои тарғибгари ақоиди террористиву экстремистӣ кор мебаранд, ки бояд бо андешидани тадобири судманд насли ҷавони ҷомеаро аз ин хатари ҷиддӣ эмин нигоҳ дорем.

Дар идомаи мулоқот чанд тан аз сокинони шаҳру навоҳии Ашт, Исфара ва Конибодом атрофи ин мавзӯъ ибрози назар карда , бо таъкиди фазои орому суботи кишвар ва озодиҳои диниву дунявӣ дар Тоҷикистон аз ҳамагон даъват карданд то дар мубориза алайҳи чунин падидаҳои номатлуб, назири шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави терррористӣ ва тарғиби ақоиди экстремистӣ миёни ҷомеа беш аз пеш фаъол бошанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дар мавриди устуворсозии қурби асъори миллӣ ва хунукназариву бемасъулиятии бархе аз кормандони бонкҳову нуқтаҳои саррофӣ низ шадидан интиқод карда шуд. Анвар Яъқубӣ — муовини раиси вилояти Суғд ва Сироҷиддин Икромов  — муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон вабаста ба ин мавзӯъ ибрози назар карданд.

Дар поёни мулоқоти мазкур Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода аз ҳозирин даъват кард, ки дар мубориза алайҳи  ҷинояткориву  хатароти хусусияти террористиву экстремистидошта ва ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ки боиси халалдоршавии фазои ороми кишвар мегарданд, талош  варзанд .

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»