Аз маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Пешрафти ҷомеа аз сатҳи иҷрои қонунҳо вобаста аст

№90 (4040) 25.07.2019

Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан даъвати панҷум «Рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси комиссияи доимӣ оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи итҷимоӣ Диловар Азимов зимни пешниҳоди гузориш зикр кард, ки Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан ҷиҳати иҷрои қонунҳои мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия, тасдиқ ва дастраси муассисаҳои маориф, тиб, фарҳанг ва дигар сохторҳо кардааст. Роҳбарони муассисаҳо вазифадор шуданд, ки нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиро дар асоси он омода сохта, ҷиҳати амалигардонии қонунҳо чораҳои амалӣ андешанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №835, қарори раиси вилоят аз 5 апрели соли 2017, № 142 ва қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 26 октябри соли 2017 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 75 муассисаи таълимии шаҳр комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст. Онҳо ҷиҳати татбиқи қонунҳо, пешгирӣ намудани кӯдакон аз амалҳои ношоям, хушахлоқу ботарбия ба воя расидани насли наврас ва ба манфиати мардум мувофиқ намудани баргузории анъана ва ҷашну маросим тибқи нақшаи чорабиниҳо фаъолият мекунанд.

- Яке аз самтҳои асосии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронидани «Рӯзҳои падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ», ташкили дарсҳои кушоди намунавӣ ва дарсҳои ҳисоботии омӯзгорон бо иштироки падару модарон ва худи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мебошад, — гуфт Диловар Азимов. — Аз ин лиҳоз, мувофиқи банди 6 нақшаи чорабиниҳои Раёсати маориф дар муассисаҳои таълимӣ «Рӯзҳои падару модарон» гузаронида мешаванд. Дар ин рӯзҳо падару модарон ба назди маъмурият ва роҳбарони синфҳои фарзандонашон омада, аз интизому муносибати онҳо бо омӯзгорон ва ҳамсинфон, аз иштирокашон дар дарсҳо ва корҳои ҷамъия­тии муассиса бохабар мешаванд, дар дарсҳои кушод иштирок мекунанд, зеро мақсади асосии қонун масъулияти падару модарро оид ба тарбияи фарзанд дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯс­тиву меҳанпарастӣ, ифтихори ватандориву эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тақвият бахшидан аст.

Бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дар шаш моҳи аввали соли равон якҷоя бо хонандагону волидон ва иштироки нозирони минтақавии муассисаҳо аз ШВКД ва намояндагони прокуратура зиёда аз 100 вохӯрӣ дар мавзӯъҳои «Ҷомеа ва ноболиғон», «Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳодисаҳои номатлуб», «Терроризм ва экстремизм — вабои аср», «Тарбияи ҷавонон — асоси пешгирӣ аз ҷаҳолат», «Терроризм ва экстремизм дар замони муосир» ташкил ва гузаронида шуд. Дар онҳо кирдорҳои разилонаи ташкилотҳои экстремистӣ маҳкум ва падару модарон ба ҳушёрӣ даъват гардиданд.

Бо дарназардошти пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадор шуданд, ки таълиму тарбия ва назоратро дар муассисаҳо хуб ба роҳ монда, ҳамкориро бо падару модарон густариш диҳанд. Ба донишандӯзии хонандагон бештар диққат дода, барои рушди истеъдоди онҳо шароит муҳайё созанд, ташвиқи тарзи ҳаёти солимро ба роҳ монда, баргузории чорабиниҳои варзишию оммавиро, ки боиси мустаҳкам шудани саломатии хонандагон мегардад, ба нақша гиранд. Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулиятшинос бошанд, роҳу воситаро барои тарбияи фарзандони ватандӯсту некном истифода баранд.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати амалигардонии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таҳким бахшидан ба ҳамкории падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ ва коҳиш додани вазъи ҷинояткорӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ҷавонон аз гароиш ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ фаъолиятро пурзӯр намояд.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»