Посухе ба ду саволи Раҳматилло Зойиров

№38 (3184) 17.04.2014

«Ватанам Тоҷикистон, ту маро ҳамчун фарзанд қабул дорӣ ё на? — Аз хизмати ман ризо ҳастӣ ё на?».

Ду саволи риторикӣ аз ҷониби Раҳматилло Зойиров — раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон, ки ҳаштуми апрели соли ҷорӣ, тариқи «TojNews» додааст. Албатта, худи мухотаб дар симои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин саволҳо посух гуфтанаш ғайриимкон аст ва шояд Р. Зойиров низ бо такя ба ҳамин муаммо, лаҳзае чанд додаи руҷӯи лирикие гаштаву бо ин пурсиш муроҷиат кардааст. Фақат номбурда ба инобат нагирифтааст, ки агар худи Тоҷикистон пеши пурсишҳояш лол мемонад, фарзандони асилаш ба ҷаноби Зойиров ҷавоб хоҳанд гуфт. Ҷавобе, ки аз ҳамон 28 соли зиндагии ӯ дар Тоҷикистон хулосабардорӣ шудааст.

 «Ватанам Тоҷикистон, ту маро ҳамчун фарзанд қабул дорӣ ё на?» - мепурсад Р.Зойиров. Соли 1986, вақте ки Раҳматилло Зойиров ба хоки Тоҷикистон нахустин бор қадам ранҷа кард, ин кишвар на ин ки бо чеҳраи боз ӯро дар оғӯшаш пазируфт, балки ба теъдоди бешумори мутахассисини бекори маҳаллӣ нигоҳ накарда, ӯро дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалии бонуфузтарин таълимгоҳи олии ҷумҳурӣ – Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба кор гирифт.  Соҳиби манзили истиқоматӣ гашту маҷрои ҳаёти хешро роҳандозӣ намуд. Беҳтарин шароитро барои кору зиндагиаш муҳайё намуданд, ки дигарон ҳатто орзу карда наметавонанд.  Ҳол он ки дар дигар ҷойҳо ҳама дарҳо ба рӯйи ӯ баста буданд.

Соле пештар Раҳматилло Зойиров худаш навишта буд: «Вақте ман соли 1986 ба Тоҷикистон омадам, он давра бисёр ҳаракат карданд то дар Ӯзбекистон кор кунам, вале ман бо як чиз ҳамачиро инкор карда гуфтам, ки агар ман дар Тошканд кор мекарда бошам ё як ҷанҷоли сахт мешавад ва ё баъди ним сол худи манро мешинонанд, зеро ҳамон давра дар Ӯзбекистон муносибатҳои порахӯриву фасод бисёр пешрафта буду нисбати вай Тоҷикистон якчанд зина паст буд. Ман ба Тоҷикистон омадам ва аз сидқи дил будани муносибатҳоро дидаму ба ман маъқул шуд. Зимнан ман дар бисёр ҷомеаҳо иқомат доштам, дар Ӯзбекистон 9 сол, дар Қазоқистон 8 сол ва дар Украина 9 сол. Вақте омадам, гуфтам, ки ман дигар аз Тоҷикистон берун намеравам».

Бале, Раҳматилло Зойиров аз Тоҷикистон дигар нарафт. Зеро ин Ватан ӯро ба фарзандӣ қабул карда буд. Вале оё номбурда қарзи фарзандиро дар назди ин Ватан содиқона бар ҷой овард? Ин саволи дигар аст. Худи Зойиров низ аз Тоҷикистон мепурсад, ки «Аз хизмати ман ризо ҳастӣ ё на?».

Раиси ҲСДТ кадом хизматро дар назар дошта бошад? Бо дарёфти Истиқлолияти Тоҷикистон тағироти куллӣ дар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ гузаронида шуданд. Падидаҳои навин дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ зуҳур карданд, ки ҳар яке манофеи гурӯҳӣ, созмонҳо ва давлатҳои алоҳидаи хориҷиро ҳимоя мекунанд. Ана ҳамин ташкилотҳои тозатаъсис, майдони ҷавлони ашхосеро, ки баҳри хизмати бегонагон камар бастанд, фароҳам сохт.  Раҳматилло Зойиров устодии донишгоҳро канор гузошту риштаи ҳаёташро бо созмонҳои «грантдеҳак» пайваст. Дар баробари ширкат дар конфронсу маъракаҳои якрангаи созмонҳои ғайридавлатӣ ва институтҳои ба ном «озоди демократӣ», ки ҳосил аз гузарониданашон гич кардани мағзҳо дар ивази «кофе-брейк» чизи дигаре нест, супоришоти онҳоро иҷро мекарду мекунад. Оё метавон ин корҳоро хизмат ба Ватан ҳисобид?

Зиндагӣ ба Раҳматилло Зойиров лаҳзаи хуберо барои анҷоми хизмат ба Ватану миллат ато карда буд. Замоне ба вазифаи мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Лекин дере нагузашта фаҳмид, ки хизмат ба мардум сангиниҳои зиёде дорад. Шабу рӯз заҳмат мекашию моҳонаат талаботи хонаводаро қонеъ карда наметавонад. Барои Зойирове, ки муддати мадиде бо созмонҳои ғайридавлатии дохилию хориҷӣ алоқа дошта, дар ивази иҷрои  супоришот ҳамеша фоидаи лоиқе аз хидматгузорӣ мебардошт, хеле вазнин омад.  Зеро дар чунин шароит танҳо шахсе кор карда метавонад, ки сарсупурдаи асили миллату давлаташ бошад ва бо умеди шукуфоии фардои кишвараш заҳмат  кашад. Ин буд, ки ӯ аз ин мансаби баланду боифтихор, вале  каммаош истеъфо рафт. Ин иқдомро бо арзи «ман бо Ҳукумати феълӣ кор карда натавонистам», баҳри баланд бардоштани имиҷи  сиёсии худ ва дарёфти маблағҳои минбаъдаи хориҷӣ истифода кард. Оё ҳамин аст хизмати Раҳматилло Зойиров ба миллату Ватан?

Дар ҳаёти сиёсӣ Раҳматилло Зойиров ҳар иқдомеро, ки пеш мегирад, бо шикаст мувоҷеҳ аст. Ҳизбаш дар муддати беш аз даҳ сол аз худашу чанд ҳамтои гапфурӯшаш — Шокирҷон Ҳакимов, Алим Шерзамонов, Оразшо Пояндашоев ва монанди инҳо аъзои дигаре пайдо накарду дар сатҳи ҳизби кисагӣ боқӣ монд. Кушишҳои чандкаратааш баҳри ташкил намудани иттиҳодияҳои мухталифе бо дигар ҳизбҳо ҳосили дилхоҳи ӯро ба бор наоварданд. Ба даъватҳояш дар хусуси «бойкот» кардани чандин чорабиниҳои сиёсӣ ҳатто як нафар овоз баланд накард. Ташкилоти ҷамъиятиаш бо номи «Консорсиуми ҳуқуқӣ» аз чанд адвокати моҷароҷӯе иборат аст, ки ба ҳимояи ҳар гумонбаре иқдом мегиранд, зерҳимоягонашон ба шадидтарин ҷазои судӣ маҳкум мешаванд. Зеро ҳамеша бо омилони ҷинояткор дар иртиботанду ҳимояи манфиатҳои онҳоро ба уҳда гирифта, бо роҳи фиреб аз наздикону пайвандонашон маблағҳои муфт мерӯёнанд. Намунаи навтаринаш ширкати онҳо дар қазияи Зайд Саидов ошкор шуд. Консорсиуми ҳуқуқиаш низ аз берун идора мешавад. Зеро онро  Хазинаи АврОсиё дар Осиёи Марказӣ ва консулгарии Шоҳигарии Нидерландия дар Ҷумҳурии Қазоқистон маблағгузорӣ мекунанд. Сирри баъзе кумакҳои «ройгон»-и ҳуқуқии Зойиров низ ба баъзе ниёзмандон даруни ҳамин нукта ниҳон аст.

«Хизмат»-и охирини Раҳматилло Зойиров ба Ватан кушиши ворид намудани таҷрибаи тазоҳуроти зиддидавлатии Украина ба Тоҷикистон буд, ки он ҳам дар дами тавлидаш бӯғӣ гардид.

Ин аст ҷавоби кӯчаке ба ду саволи додаи Раҳматулло Зойиров, ки метавон онро ба суоли муқобил хотима бахшид: «Оё Ватан аз чунин шеваи хизмат ризо буда метавонад?».

Дилшод НАЗИРМАДОВ