Рӯҳониёни асил дар шаклгирии шахсияти инсонҳо нақш доштанд

№68 (3369) 15.05.2015

Хабари ваҳшиёна кушта шудани зани 27-солае бо исми Фархунда, ки рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ аз тарафи як тӯдаи «мардон» бо гумони сӯзонидани нусхае аз Қуръон дар назди масҷиди «Шоҳи душамшера»-и шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба амал омадааст, расонаӣ шуд ва рӯҳияи идонаи мардуми ин кишвари ҷангзадаро дар арафаи Наврӯз барҳам заду боиси вокунишҳои зиёд дар дохил ва хориҷи он гардид.

Чунин амали бераҳмона, он ҳам дар кишваре, ки террору инфиҷору одамрабоӣ воқеаи маъмулӣ гаштааст, сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Вокунишҳои дохиливу хориҷӣ низ дар бораи сабабу омилҳои ин амали нангин якранг набуданд. Худи ҳамон рӯз расонаҳо ба қавли шоҳидони ҳол аз бемории равонӣ доштани Фархунда, издиҳоми идоранашаванда, нотавонии масъулини мақомоти қудратӣ ва ғайра гуфтанду навиштанд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои интернетӣ гузошта шудааст, аниқ мушоҳида кардан мумкин аст, ки чӣ гуна издиҳоми мардуми синну соли гуногун, ки бештари онҳоро ҷавонон ташкил медоданд, бо мушту лагад, чӯбу сангу оҳанпора зани сиёҳпӯшеро, сарфи назар аз исрорҳояш, ки гуноҳе надорад, бо бераҳмии махсус ба қатл мерасонанд ва ҷасади беҷонашро ба соҳили дарё кашида, оташ мезананд. Воқеан, аз аввал то ба анҷоми ин амали нангин кӯшише ё иқдоме ҷиҳати пуштибонӣ аз Фархунда на аз ҷониби нафароне дар издиҳом ва на аз ҷониби мақомоти интизомӣ дида нашуд, ки он ҳам бошад, як сабаб дорад: издиҳом нисбат ба чунин падидаҳо хеле ҳассосанд ва истифода аз чораҳои маданиро аслан қабул надорад.

Мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки кишвари дорои низоми исломӣ мебошад, сатҳи баланди ҳассосияти диниву мазҳабӣ доранд ва аз таҷрибаи омӯхта метавон мисолҳои зиёдеро овард, ки ба беҳурматӣ нисбат ба муқаддасоти динӣ бе риояи қонун ва тартибот даст ба тазоҳурот мезананд.

Дар қазияи мавриди назар, дар рафтори тазоҳургарон ҳолатҳои бехудӣ, идоранашавандагӣ, фанатизм ва ифротгароии динӣ дида мешавад, ки ба гумони ғолиб мақомоти интизомӣ ва қудратӣ аз хавфи хатар ба ҷони худ ва ё ҳамраъйӣ бо онҳо бетарафиро ихтиёр мекунанд.

Инак, бо гузашти чанд рӯз аз ин фоҷиа, нафарони зиёде ба гумони қатли Фархунда боздошт шуданд, теъдоде аз масъулини интизомӣ ва қудратӣ ҳам аз иҷрои вазифа барканор ва ё боздошт шудаанд.

Занони афғон ба эътироз аз ин амали ноҷавонмардона ва ғайриинсонӣ нагузоштанд, ки ҷасади Фархунда чун анъана рӯи шонаҳои мардон ба манзили охират бурда шавад. Мумкин аст, дар таҷрибаи маросими дафн дар ислом аввалин бор бошад, ки занҳо тобут бардоштанд ва қолабшиканӣ карданд.

Ғайриинтизор барои омилони маргаш аз Фархунда, ҳамчун як инсони солим, зани донишманд, ислоҳталаб, муъмину мусалмон ва болотар аз ҳама муборизи зидди рӯҳониёни авомфиребу куҳнапараст ёдоварӣ карда шуд.

Маҳз баҳсу мунозира ва эътирозҳои пайвастаи Фархунда бо рӯҳониёни авомфиреб, ки дини мубини исломро бо ғаразҳои шахсиву гурӯҳӣ ба манфиати хеш истифода бурда, одамонро ба пайравии кӯр-кӯрона талқин мекарданд, сабаби маргаш гашт. Ҳастии Фархундаро хатар ба аъмолу тиҷорати худ дониста, рӯҳониёни авомфиреб ва ҷодугар дар пайи нобудии ӯ мегарданд ва дар байни издиҳом хабареро паҳн мекунанд, ки Фархунда нусхае аз Қуръонро сӯзонидааст. Издиҳом бошад, хилофи фармудаи Худованд бозичаи дасти онҳо мегардад.

Дар ин фоҷиа як навъ таъсиргузории сухан ва мавқеи тоифае аз рӯҳониёни ғараздор бар издиҳом дида мешавад, ки мутаассифона, солҳои охир дар кишвари мо низ дар шаклу намудҳои гуногун ба назар мерасад.

Тӯли таърих рӯҳониёни асил дар шаклгирии шахсияти инсонҳо нақш доштаанд ва ин асолатро идома медиҳанд. Аммо, рӯҳониёне, ки воқеан бидуни ғараз ин асолатро иҷро менамоянд, ангуштшумор шудаанд.

Дар Тоҷикистон низ баъзе аз рӯҳониёну ходимони дин аз боварии мардум ва ноогоҳии онҳо суиистифода намуда, дар атрофи худ аз ҳисоби нафарони беирода мурид ҷамъ меоранд ва аз ин неру ба манфиати шахсӣ истифода мекунанд. Фиребу афсуни ин тоифа ҳазорон нафарро гумроҳу пушаймон месозад, ки аксари онҳо ҷавононанд.

Чанд соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзу ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаву шахсони худогоҳу солимақли кишвар ҳолатҳои зиёди аз боварии мардум суиистифода намудани ба ном муллову рӯҳонӣ ва ходимони дин, ошкор ва фош карда шуданд. Мавқеъгирӣ ба ин ҳолатҳо якранг набошад ҳам, аксарияти аҳолӣ ва махсусан қишри солимфикру ватандӯст нисбат ба он ҳамраъйӣ нишон доданд. Барои тоза ва решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа, илова бар азми қавӣ, пуштибонии мардум низ саривақтӣ мебошад. Зеро, воқеияти ҳол дар нуқтаҳои даргири олам ҳокӣ аз он аст, ки ин падида ба суботу амнияти кишвар таҳдид мекунад.

Суҳайлӣ Қодиров