Аз саҳифаи таърих

Рӯзи Рӯдакӣ дар ҷашни Наврӯз

№29 (3175) 21.03.2014

Дар арафаи ҷашни Наврӯз, ҳангоми шиносоӣ бо аввалин нашрияҳои тоҷикӣ дар шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, чашмам ба маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» афтид, ки чор шумораи он бастабандӣ гардида, маҳфуз аст. Ин маҷалла сиёсиву иҷтимоӣ,таълимӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-танқидӣ буда, моҳи январи соли 1926 бо қарори Назорати маорифи Тоҷикистон таъсис ёфта, шумораи аввалинаш моҳи марти ҳамон сол ба табъ расидааст. Дар шумораи дуюми нашрия маводеро дучор омадам роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар оғози мақола, аз ҷумла чунин омадааст:

«Назорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 2-3 иди Наврӯз «Соли Нав»-ро Рӯзи Рӯдакӣ таъйин кард. Дар ин рӯз заҳматкашони Тоҷикистон нависандаи тавонои худ – Рӯдакиро ба ёд оварда, ҷашни ҳазорсолаи вайро мегузаронанд».

Баъдан, доир ба он ки намояндагони пешсафи ҷомеа- муаллимон чӣ тавр дар ин рӯзҳо доир ба таърихи адабиёт ва фарҳанги тоҷик, аз ҷумла ҳаёт ва эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,  бо мардум суҳбатҳо мегузаронанд, сухан рафтааст.

Як нуктаи дигари ҷолиби мақола он аст, ки дар он таъкид шудааст: : «Барои миллате, ки беш аз ҳазор сол шоир ва нависандаи калоне, монанди Рӯдакӣ дошта, барои миллате, ки осори адабӣ, илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии он аз ҳазор сол беш аз ин дар дунё ёдгор монда, бесаводӣ нанг аст, айб аст, зиллат аст…»

Баъди ин навиштаҳо аз китобҳои донишманд Мирзо Мӯҳсин Иброҳим Ҳалимӣ «Намунаи адабиёти Ирон», ки соли 1922 ба табъ расидааст ва асари устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» якчанд ғазалу рубоӣ ва қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хонандагон пешкаш гардидааст.

К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»