Дар партави Паём

Раҳнамое, ки мусоидаткунандаи пешрафти маорифи кишвар аст

№76(3377) 04.06.2015

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 байни кормандони соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан  дастгирӣ ва ҳамовозии гарму ҷӯшонро ба амал овард. Тадбири судбахш ва раҳнамоиҳои оқилонаи Сарвари давлатамон ҷиҳати пешрафти соҳаҳои ҳоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла рушди бомароми соҳаи маориф шаҳрвандони кишварро бетараф гузошта наметавонад. Ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки ҳамасола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат пешниҳод мешавад, ба назари шахсии ман марҳилаи нав дар пешбурди соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад, — гуфт дар суҳбат сардори Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Ортуқбой Икромов.

Маорифчиён аз он сарбаланд мебошанд, ки Президенти кишвар нисбати соҳаи маориф  ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, беҳбуд ёфтани кору рӯзгори омӯзгорон  таваҷҷуҳи хоса зоҳир  менамоянд. Инак, аз якуми сентябри соли равон марҳилаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла маоши кормандони муассисаҳои маориф, таҳсилоти то мактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ,  илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз афзоиш меёбад. Ин ғамхориҳо дили омӯзгоронро нисбат ба корашон гарм намуда, ба беҳтар шудани сатҳу  сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.

-Сарвари давлат дар ин Паёмашон чунин таъкид карданд: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Соли гузашта ҷиҳати пешрафти соҳа беш  аз 2,5 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, соли равон ба ин хотир ҷудо намудани 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст», — мегӯяд Ортуқбой Икромов.

Маорифчиёни шаҳри Истаравшан ҷавобан ба ин ғамхориҳо  чораю тадбирҳои судбахшро ҷиҳати беҳбуди таълиму тарбия, беҳтар кардани сифати дарсҳо, давомоти хонандагон ба дарсҳо, қаробати бештари волидайн ба муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расонидаанд.

Бино ба гуфти номбурда аз Паёми соли 2014-и Сарвари давлат то Паёми имсола дар соҳаи маорифи шаҳр оид ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат корҳои зиёд амалӣ шудаанд.

Дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии хонандагон 60 нафар ғолибони даври шаҳрӣ аз синфи 11 иштирок намуда, се нафар — Фирдавс Насриддинов аз гимназияи №3 сазовори ҷойи якум, Нодира Зокирова ва Замираи Шарифдухт аз гимназияи №1 ҷойи дуюмро сазовор гардиданд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Фирдавс Насриддинов ҷойи сеюм ва Нодира Зокирова ҷойи дуюмро сазовор шуданд.

- Ташкил карда шудани Нуқтаи бақайдгирӣ ва Маркази имтиҳонот дар шаҳри Истаравшан барои  довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шароити мусоид фароҳам овард ва чунин тадбирҳо  натиҷаҳои дилхоҳ дода,  дар соли хониши  2014 — 2015-ум 893 нафар дастпарварони макотиби шаҳр  ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ,  120 нафари дигар ба  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии берун аз ҷумҳурӣ ва 18 нафарашон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва берун аз он  дохил гардиданд, — мегӯяд Ортуқбой Икромов.

Сохта ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ дар деҳаҳои Навкенту Қалъаи Баланд, таъсиси мактаби хусусии таълимаш бо забони русӣ, сохтмони толорҳои варзишии муосир дар гимназияи №1 ва муассисаи таълимии деҳаи Боғи Калон, бунёди зиёда аз 20 синфхонаи иловагӣ, ду синфхонаи иловагӣ дар литсейи №1, чор  синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, оғози бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Обиҷумак, идомаи сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар деҳаи Равғангарон, ошхона дар гимназияи №6 ва ғайра ба устувор гардидани заминаи моддӣ — техникии таълимгоҳҳо ва беҳтар гардидани шароити донишомӯзӣ мусоидат менамояд, — зикр кард номбурда.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» чораҳои мушаххас андешида шудаанд.

Дар муассисаҳои соҳаи маориф барои омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ 1550 адад компютер, 210 адад принтер мавҷуд аст. Ҳоло 170 адад компютер дар 55 муассисаи таълимӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст шуда, почтаҳои электронӣ созмон дода шудаанд.

Бо мақсади пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷалби кӯдакон ва наврасон берун аз дарс ба маҳфилҳои мактабӣ дар ҳамаи муассисаҳо бо иштироки васеи волидон гузаронида мешаванд.

- Дар баробари комёбиҳо дар кори маорифчиёни шаҳр камбудию норасоиҳо низ ҷой доранд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 барҳақ чунин зикр намуданд: «Аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷаи зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  ҳаллу фасл шудаанд. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу  сифати таълим дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи боз ҳам бештари  масъулони соҳаро тақозо мекунад».

- Ин нуктаҳо мо — маорифчиёнро водор менамояд, ки масъулияти хешро дучанд гардонем. Раёсати маорифи шаҳр нақшаи тадбирҳои мушаххаси хешро таҳия намуд ва ҳамаи муассисаҳои таълимӣ қатъи назар аз шакли моликияташон вазифадор карда шуданд, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳамаи нуктаҳои зарурии ин санади ҳаётан муҳим чораҳои амалӣ андешанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва барномавӣ  дар пешрафти таълиму тарбия нақши муассир дошта, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд тамоми имконияту захираҳо ва кӯшиши худро равона созанд, — гуфт дар охири суҳбат Ортуқбой Икромов.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»