Раиси нави Парлумони Аврупо чӣ ҳадаф дорад?

№№6(3643) 21.01.2017

АнтониоИтолиёӣ ва намояндаи ҷиноҳи Ҳизби мардумии Аврупо Антонио Таяни раиси нави Парлумони Аврупо интихоб шуд. Вай дар даври дувуми овоздиҳӣ  бо ба даст овардани 351 овоз рақибаш — сотсиалист Ҷанни Пителлуро шикаст дод. Номзадии Таяниро вакилони либерал низ, ки барои коҳиш додани нуфузи популистон — мухолифони ҳамгироии Аврупо, ки ба эътилофи муҳофизакорон пайваста буданд, ҳимоят кардаанд.

- Ман аз тамоми имконот истифода менамоям то дархосту пешниҳодот аз ҷониби  Шӯрои Аврупо ба инобат гирифта шавад, — гуфтааст раиси тозаинтихоб 17 январи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотие, ки дар шаҳри Страсбург баргузор шудааст. Антонио Таяни барномаи сиёсии инфиродӣ надошта, фаъолияташро ҷиҳати татбиқи барномаи маҷмӯии Парлумони Аврупо роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, гуфтааст, ки мубориза бо терроризм, таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи муҳоҷират, рушди иқтисодиёт, энергетика ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ меҳвари фаъолияти ӯ хоҳад буд.

Далер Мерганов,«Садои мардум»