Маънавиёт

Рамазон – мактаби сабру поксозии ахлоқ

№85 - 86 (3565-3566) 02.07.2016

Ҳазрати Салмони Форсӣ (р) нақл мекунанд, ки Расули Худо (с) дар охирин рӯзи моҳи Шаъбон ба саҳобагон бо чунин  мазмун хутбае эрод намуданд:

«Эй мардум! Инак, моҳи бузург ва мубораке ба сари шумо соя афкандааст. Моҳе, ки (ибодати яке аз) шабҳои он аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Моҳе, ки Худованд рӯзаашро фарз, қиём (бедористӣ, ибодат)-и шабашро  нафл гардонидааст.

Касе дар ин моҳ нафлеро ба ҷой оварад, баробари он аст, ки  фаризаеро дар дигар  моҳҳо анҷом дода бошад. Касе дар он фаризаеро ба ҷо орад, баробари 70 фарз дар  моҳҳои дигар аст. Рамазон моҳи  сабр асту подоши сабр ҷаннат мебошад. Рамазон, моҳест, ки дар  ризқи бандаи муъмин афзоиш ба вуҷуд меояд».

Мақсад аз рӯза гирифтан поксозии ҷисму рӯҳ ва ноил шудан ба тақвост. Чунончӣ, дар сураи «Бақара», ояти 183 таъкид шудааст: «Эй муъминон! Рӯза барои он бар шумо  мисли касоне, ки аз шумо пеш буданд, фарз  гардонида шуд, то василае барои расиданатон ба тақводорӣ бошад».

Рӯза миёни дигар  ибодатҳо дар зиёд гардонидани тақво (парҳезгорӣ), мустаҳкам намудани имон ва  ирода саҳми бештар дорад. Тақво инсонро ба некиҳо роҳнамоӣ карда, аз бадиҳо боз медорад.

Ҷанбаи зоҳирии рӯза тарки хӯрдану нӯшидан ва робитаи ҷинсӣ накардан аз субҳи содиқ то  фарорасии шом аст. Шахсони бемор, мусофир, занони ҳомилаву кӯдаки ширхорадошта ва соҳиби узр (ҳайзу нифосдошта) аз гирифтани рӯза озоданд. Шайхи фонӣ (пири барҷомонда), ки қуввати рӯза гирифтанро надорад, метавонад ба ивази ҳар рӯзи рӯзаи Рамазон ба муҳтоҷе фидя (маблағи ғизои якрӯза)- ро бидиҳад, ки тақрибан 20 сомонӣ аст.

Ҷанбаи ботинии рӯза он аст, ки бояд шахси рӯзадор дилро аз кинаву кудурат, ҳасад ва бадбиниҳо пок дорад. Рӯза ба инсон сабру таҳаммул кардан ва фурӯ бурдани хашму ғазабро ёд медиҳад. Дар ин хусус ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд:

«Агар касе аз шумо рӯзадор бошад, бояд беҳудагӯиву ғавғо ва дуруштӣ нанамояд. Агар  касе ҳам ӯро дашном диҳад ва ё бо ӯ ҷанҷол намояд, ҷавоб диҳад, ки: «Ман рӯзадорам».

Аз ин ҳадис бармеояд, ки Рамазон мактаби сабру поксозии ахлоқ аст.

Моҳи Рамазон бояд оғози ислоҳи камбудиву хатоҳо шавад. Яъне, рафтору гуфтори мо дар ин моҳ ҳатман аз моҳҳои дигар бояд фарқ кунад. Чунончӣ, яке аз  саҳобагони гиромиқадр Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) гуфтааст: «Вақте рӯза медорӣ, бояд гӯшат, чашмат ва забонат ҳам аз дурӯғ ва ҳаромҳо рӯза бидоранд. Аз озор додани ҳамсоя даст бардор! Бояд ту дар рӯзадориат соҳибвиқору ботамкин бошӣ. Рӯзи рӯзадориатро ба рӯзҳои дигарат баробар макун!».

Рӯзаи забон он аст, ки рӯзадор бояд аз дурӯғ гуфтану ғайбат кардан, киноя кардану  масхара намудан ва қасами беҳуда хӯрдан худдорӣ намояд. Мутаассифона, бисёр рӯзадоронро мебинем, ки аз субҳ то шом ба гуруснагию  ташнагӣ тоқат мекунанд, вале забонашонро аз дашному бадгӯӣ нигоҳ дошта  наметавонанд. Агар шахс рӯза дораду аз суханони қабеҳу дурушт худдорӣ накунад, аз гуруснаву ташна гаштанаш фоидае нест. Дар ин хусус ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд:

«Басо рӯзадорест, ки аз рӯза ба ғайри гуруснагиву ташнагӣ чизе  насибаш  нагаштааст ва чӣ басо шабзиндадорест, ки аз қиёми шабаш танҳо ҳамон бехобӣ насибаш гаштааст».

Рӯзаи чашм он аст, ки ба сӯи  номаҳрамон назар  накунад. Зеро мувофиқи ҳадиси Расули Худо (с) нигоҳи шаҳватомез аз  тирҳои заҳролуди шайтон аст.

Рӯзаи гӯш он аст, ки ба суханони бемаъниву ғайбат таваҷҷуҳ накунад. Баъзе ҷавонон  рӯза медоранд, вале ба хотири  гузаронидани вақт сурудҳои фаҳшу бемаънӣ  гӯш мекунанду филмҳои дур аз ахлоқ тамошо мекунанд. Ҳол он ки ба ҷои ин метавонанд китоби  илмӣ ё дарсиашонро хонанд.

Рӯзаи даст ин аст, ки аз ноҳақ гирифтани молу пули дигарон (дуздӣ, фиреб) ва озори касон худдорӣ намояд. Шайх Аттори Нишопурӣ мефармояд:

Дасти худро сӯи номаҳрам маёз,

Ҷониби  моли ятимон ҳам матоз.

Рӯзаи пой ин аст, ки ба сӯи мавзеъҳои гуноҳ (дуздӣ, зинокорӣ, қиморбозӣ) наравад, балки бо нияти  амали хайр, зиёрати волидайн, хешу табор, илмомӯзӣ, касби ҳалол қадам занад.

Бояд ҳар яки мо дар ин моҳи иҷобати дуоҳо аз Худованд, пеш аз ҳама, сулҳу субот ва оромии бардавомро бихоҳем.

Соли 1996 мо, як гурӯҳ зоирон бо нақлиёти заминӣ тавассути масири Тоҷикистон- Ӯзбекистон- Туркманистон- Эрон- Туркия- Сурия –Ӯрдун — Арабистони Саудӣ ба зиёрати Хонаи Каъба рафта будем. Он вақт Сурия кишвари зебои дорои ёдгориҳои қадима, киштзорҳои сарсабз ва мардуми  меҳмоннавоз буд. Афсӯс, ки ҳоло бо дастги бегонагон ин сарзамини зеборо ба харобазор  табдил доданд. Мардуми аҳлу меҳмоннавози Сурия имрӯз дар дигар  кишварҳо сарсону овораанд.

Ман ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ сафар доштам. Дар ин кишвар сарватмандон зиёданд, вале аз сабаби нооромӣ онҳо сарвати худро бо хотири осуда истифода бурда наметавонанд.

Аз Худованди меҳрубон хоҳонем, ки дар диёри мо сулҳу  осоиштагиро пойдору бардавом  нигоҳ дорад.

 Ҳоҷӣ Наҷмиддини Суннатуллоҳи 86 — сола, сокини деҳаи Муъминободи ноҳияи Ҳисор