РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ НИШОНАИ СОҲИБИХТИЁРИИ МОСТ

№ 24.11.2014

Дар таърихи мардуми тоҷик парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ бо рангу шаклҳои гуногун истифода мешуд. Бо таъсис ёфтани ҷумҳурии автономӣ ва баъдан ҷумҳурии сотсиалистӣ Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро дошт. Баъдан, соли 1953, Парчами Тоҷикистон шаклан тағйир ёфт, ки то соли 1991 мавриди истифода қарор дошт.

28 июни соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Баъди муҳокимаҳои тӯлонӣ ва баррасии намудҳои гуногуни он 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид.

Яке аз санадҳои муҳим, ки Парчамро рамзи давлатӣ эълон менамояд, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».

Вобаста ба ин, доир ба тартиби истифодаи рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба таври алоҳида Низомнома қабул шуда буд. Минбаъд зарур шумурда шуд, ки ҳар се Низомнома дар як қонун муттаҳид карда шаванд. Ба ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12 майи соли 2007 таҳти № 254) қабул шуд. Боби 2-юми Қонуни мазкур «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаҳои 5 ва 6) ном дошта, тартиби афрохтани Парчами давлатиро муқаррар намудааст. Дар моддаи 5-уми Қонун ҷойҳои ба таври доимӣ афрохта шудани Парчами давлатӣ пешбинӣ шудааст. Онро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳату фароғати шаҳрвандон, боғ, гулгашту хиёбонҳо низ афрохтан мумкин аст.

Парчами миллӣ ифтихори мо мебошад ва онро бояд эҳтиром намоем. Мувофиқи моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Рамзҳои давлатӣ ифодагари соҳибихтиёрии давлат маҳсуб меёбанд, аз ин сабаб бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ҳифз карда мешаванд. Мувофиқи муқаррароти моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Барои содири чунин ҷиноят ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима, маҳдуд кардан аз озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ифодакунанда ва баёнгари мақсаду маром, орзую омоли миллат ва нишонаи низоми давлатдории миллӣ мебошанд. Онҳо мояи ифтихор ва соҳиби эҳтироми хосаанд.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардидааст, ки тибқи он ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»